Октябр 17, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Фарофикании подшоҳи саъӯдӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон

Подшоҳи Арабистони саъӯдӣ дар идомаи фарофиканӣ ва иддаоҳои мақомоти арабистонӣ дар бора барномаи ҳастаии Эрон гуфт : Мо аз Эрон мехоҳем, ки фавран ба таъаҳҳудоти ҳастаии худ амал кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле ки фаъолиятҳои атомии Арабистон бар асоси як системаи куҳнаи подмонӣ назорат мешавад, подшоҳи Арабистони шомгоҳи якшанбе аз Эрон хоста то бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамкории комил кунад .
Дархости подшоҳи Арабистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо вуҷуди узвияти ин кишвар дар Паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва иҷрои тавофуқномаи ҷомеъи падмони дуҷониба бо ожонс, вале ҳануз аз таъаҳҳуди пазириши бозрасиҳои подмонии ожонс худдорӣ мекунад ва бо вуҷуди дархостҳои мукаррари чандинсолаи ожонс таъаҳҳудоти худро ба гӯнае ислоҳ накардааст, ки иҷозаи бозрасӣ ба ожонсро бидиҳад .
Малик Салмон дар идома бидуни ишора ба режими саҳюнистӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, то талоши худро барои ҷилавгирӣ аз интишори силоҳи куштори ҷамъӣ ва орӣ шудани минтақаи ғарби Осиё аз ин гуна силоҳҳо анҷом диҳанд .
Подшоҳи Арабистон бо дахолат дар умӯри дохилии Лубнон бар зарурати анҷоми ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии бунёдӣ ва ҷомеъ дар Лубнон таъкид кард то ба гуфта вай ин кишвар битавонад буҳрони худро пушти сар бигзорад .
Салмон дар бахши дигаре аз суханонаш ба Ироқ пардохт ва гуфт, ки амният ва суботи он рукни аслии амният ва суботи минтақа аст .
Вай бидуни ишора ба нақзи мукаррари оташбас дар Яман гуфт : Умедворем ки оташбас дар Яман таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори амали давлати Риёз ҳамроҳ бошад ва буҳрон дар Яман барои расидан ба роҳи ҳали сиёсии ҷомеъ поён ёбад .
Арабистон бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
 

 

Барчасп