Октябр 22, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити Ҳамос бо Сурия барои муқобила бо таҷовузоти режими саҳюнистӣ

Сухангӯи ҷумбиши Ҳамос бо маҳкӯм кардани таҷовузи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия, бар тақвияти равобит бо Димишқ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос дар вокуниш ба ин таҷовузи ҳавоӣ гуфт, ҳамалоти шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия, баёнгари ҷинояту қулудрмаобии ин режим алайҳи уммати ислом аст ва дар имтидоди раванди куштору терроризм алайҳи миллати Фаластин қарор дорад.

Қосим афзуд, Ҳамос бар ҳимоят аз кишвари бародари Сурия дар муқобила бо ин таҷовузот таъкид мекунад ва ба тавсеа ва тақвияти равобит бо бародарони сурӣ ба манзури истеҳкоми қудрати худ ба унвони як уммат барои муқобила бо ин таҷовузоти фазоянда идома хоҳад дод.

Вай тасреҳ кард, ҳадафи режими саҳюнистӣ аз густариши таҷовузот дар минтақа, фишор бар неруҳои сарзинда ва таъсиргузор дар миёни уммати ислом ва боздоштани онҳо аз ҳамбастагӣ бо ормони Фаластин аст ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф аз раванди оддисозии равобит бо бархе тарафҳо дар минтақа сӯиистифода мекунад.

Қосим хотирнишон кард, иттиҳод дар муқобила бо режими саҳюнистӣ, ҳамчунон беҳтарин посух ба таҷовузоти ин режиму рӯйкарди истеъмории он алайҳи миллати Фаластин ва уммати арабӣ ва исломӣ аст.

 

Барчасп