Ноябр 25, 2022 20:43 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши AFC ва FIFA
    Вокуниши AFC ва FIFA

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) ба таърихсозии Эрон муқобили Уэлс дар Ҷоми ҷаҳонӣ вокуниш нишон доданд.

Твиттери Федератсияи ҷаҳонии футбол бо интишори тасовири шодии бозикунони Эрон баъд аз бурди бузург муқобили Уэлс дар Ҷоми ҷаҳонӣ бо титри кӯтоҳе ба ин бурд вокуниш нишон доду навишт: Чӣ лаҳзае барои Эрон!

Конфедератсияи футболи Осиё ҳам ба ин бурди бузурги шогирдони Карлос Кируш ин тавр вокуниш нишон дод: “Намоиши хиракунанда! Тими миллии Эрон як пирӯзии хиракунанда дар охирин лаҳза муқобили Уэлси 10 нафара ба даст овард то умедҳои худро дар марҳилаи ҳазфӣ зинда нигаҳ дорад!”

Эрон 2 - Уэлс 0

 

Барчасп