Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёнӣ саҳюнит
Дар пайи ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба манотиқе дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ, даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар пайи юриши саҳюнистҳо ба минтақаи Шаъб-Ал-Сайр воқеъ дар шимоли Ал-Халил ҷавонони фаластинӣ ба муқобила бо онҳо пардохтанд ва дар муқобил низ низомиёни саҳюнист бо шилики гулулаҳои филези ва партоби бумбҳои савти ва гази ашковар даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.
Манобеъи маҳалӣ ҳамчунон гузориш додаанд, низомиёни саҳюнист дар вурудии минтиақаи Води-Ал-Саман дар Ал-Халил ҳузӯри сангине доранд.
Гурӯҳи муқовимати Арин-Ал-Асуд дар баёнияе эълом кард, ки нерӯҳои ин гурӯҳ дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳолати омода бош қарор хоҳанд дошт.
Дар посӯх ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтари руди Урдун амалиёти зиддӣ саҳюнистӣ дар тӯли моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст, ба гунае, ки сарони сиёсӣ ва наҳодҳои низомӣ ва амниятии режим ба нотавонии худ дар муқобила бо ин амалиётҳо изғон карда ва дар бораи густариши он ҳушдор медиҳанд.
Бештар бихонед:
-
Муқобилаи нерӯҳои муқовимати Фаластин бо юриши низомиёни саҳюнистӣ ба Наблус
-
Лаҳзаи бархурди мушакҳои исроилӣ ба биноҳои истиқомати дар Фаластин