Декабр 29, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ироқ дар тадоруки бузургдошти сеюмин солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Алмуҳандис

Дар остонаи сеюмин солрӯзи шаҳодати фармондеҳони шаҳид, сардор Сулаймонӣ ва Алмуҳандис, устонҳои мухталифи Ироқ ба вижаи Бағдод барои бузургдошти маросими ин шуҳадо омода мешаванд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, манотиқи мухталифи Ироқ ба вижа Бағдод ин рӯзҳо дар ҳоли тадорук барои баргузории сеюмин солгарди шаҳодати сардор, Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи собиқи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис-ноиби раиси созмони Алҳашдуш-шаъбӣ ва ҳамразмонашон ҳастанд .
Дар ҳамин росто Вазорати омӯзишу парвариши Бағдод бо ҳамоҳангии созмони Алҳашдуш-шаъбӣ тасмим гирифтааст дар сеюмин солрӯзи шаҳодати фармондеҳони пирӯзӣ  дар тамоми мадориси Ироқи ғурфаи азодорӣ барпо кунад .
Вазорати омӯзишу парвариши Ироқ бахшномаи расмии марбӯт ба барпоии ин ғурфаи азодориро ба идораи кулли омӯзишу парвариши Бағдод ва тамоми устонҳо иблоғ кардааст .
Сокинони маҳаллаи Алкародаи шарқии Бағдод низ шаби гузашта дар ҳоле ки тасовири шуҳадои фармондеҳони пирӯзӣ, оятуллоҳ Систонӣ -марҷаъияти олиқадри шиъёни Ироқ ва парчамҳои Алҳашдуш-шаъбиро дар даст доштанд, роҳпаймоӣ карданд .
Бомдоди 13 даи 1398 дар ҳамлаи мушакии паҳподҳои Амрико сардор, Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи собиқи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис-ноиби раиси созмони Алҳашдуш-шаъбӣ ва ҳамразмонашон ба шаҳодат расиданд . Ин ҳамла бо дастури мустақими Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри вақти Амрико сурат гирифт .

 

Барчасп