Сухангуи Ҳамос: Муқовимат сипар ва шамшери мудофеъи Фаластин боқи хоҳад монд
(last modified Mon, 13 Feb 2023 15:53:01 GMT )
Феврал 13, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Ҳамос: Муқовимат сипар ва шамшери мудофеъи Фаластин боқи хоҳад монд
    Сухангуи Ҳамос: Муқовимат сипар ва шамшери мудофеъи Фаластин боқи хоҳад монд

Сухангуи Ҳамос зимни тақдир аз размандагони гурдонҳои Қисом барои муқобила бо тозатарин таҷовузи режими саҳюнистӣ ба навори Ғаза таъкид кард: Муқовимат сипар ва шамшери мудофеъи Фаластин боқи хоҳад монд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Ҳозим Қосим, сухангуи ҷунбиши Ҳамос гуфт: Бомбаборони навори Ғаза ҳамзамон бо таҷовуз ба шаҳри Ноблус ва Қудси ишғолӣ тававссути низомиёни режими саҳюнистӣ баёнгари ин аст, ки мо бо ҳамлаи ҳамаҷонибаи душман зидди миллати Фаластин муваҷаҳ ҳастем.

Қосими афзуд: Ба размандагони гурдонҳои Азуддин Алқисом, ки бо тозатарин таҷовузи режими ишғолгар ба навори Ғаза ва артиш ва шаҳракнишинони саҳюнистро дучори сардаргуми ва инфиъол карданд дуруд мефиристем.

Сухангуи ҷунбиши Ҳамос таъкид кард: Муқовимат сипар ва шамшери мудофеъи миллати Фаластин боқи хоҳад монд ва ин таҷовуз дар баробари инқилоб ва устувории миллати Фаластин ва иқдоми шуҷоъонаи муқовимат дарҳам шикаста хоҳад шуд.