Вуруди 147 ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Сурия /камбуди таҷҳизоти пизишкӣ дар Сурия
(last modified 2023-02-18T15:47:27+00:00 )
Феврал 18, 2023 20:47 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 147 ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Сурия /камбуди таҷҳизоти пизишкӣ дар Сурия

Токунӯн 147 адад ҳавопаймои ҳомили кумакҳои пизишкӣ ва башардӯстона аз кишварҳои дӯст ва бародари Сурия вориди фурудгоҳҳои Димишқ, Ҳалаб ва Лозиқия шудаанд.

Дар асари зилзилаи 7/8 риштерии бомдоди душанбе (6 феврал) шимоли ғарби Сурия илова бар хисоратҳои зиёд дар панҷ устони шимоли ғарби Сурия, теъдоди зиёде кушта шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал Ахбория, вуруди ҳавопаймоҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона аз бархе кишварҳои дӯст ва бародар барои зилзилазадагон ба фурудгоҳҳои Димишқ, Лозиқия ва ҳалаб идома дорад.

Дар сооти гузашта, чаҳор ҳавопаймои ҳомили садҳо тон кумакҳои мутанаввеи башардӯстона ва пизишкӣ барои зилзилазадагон аз Имороти Муттаҳидаи Араб вориди фурудгоҳи байналмилалии Димишқ шуд.

Ду ҳавопаймои иморотӣ ва ироқӣ ҳомили 36 тон кумакҳои башардӯстона низ вориди фурудгоҳи Лозиқия шуданд.

Аз сӯи дигар, таҳримҳои золимонаи эъмол шуда алайҳи Сурия мӯҷиб шудааст, фоҷеъаи вуқуъи зилзила дар Сурия барои шаҳрвандони сурӣ бисёр шадид бошад, ба хусӯс, ки камбуди таҷҳизоти пизишкии лозим барои дармони масдӯмон бисёр малмӯс асту шаҳрвандони сурӣ аз дарёфти дармонҳои лозим дар бемористонҳо маҳрӯм шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо ва Амрико аз соли 2011 дар ростои ҳимоят аз террористҳо, Сурияро ҳадафи анвоъи таҳримҳо қарор додаанд.

 

Барчасп