Феврал 22, 2023 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Ҷонфишониҳои муқовимат, режеми саҳюнистиро сардаргум кардааст

Сухангӯи Ҳамос бо баён инки инқилоби мардуми Фаластин ҷуз бо таҳаққуқи озодӣ ва истиқлол мутаваққиф нахоҳад шуд, гуфт, муқовимат бо ҷонфишониҳои худ боиси сардаргумии мудовими режеми саҳюнистӣ шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), муқобилаи нерӯҳои шуҷои муқовимат ва муборизони гурдонҳои шаҳид Изиддин Қасом, шохаи низоми ҷунбиши Ҳамос бо нерӯҳои саҳюнистиро, ки талош карданд, вориди шаҳр ва урдугоҳи Ҷинин шаванд табрик гуфт.

Вай афзуд, инқилоби мардуми Фаластин дар ҳоли густариш аст ва ҷуз бо таҳаққуқи озодӣ ва истиқлол мутаваққиф нахоҳад шуд.

Нерӯҳои саҳюнист сешанбе ба шаҳрҳои Ал Халил, Наблус, Ҷинин ва Байтулаҳм дар Каронаи Бохтарӣ юриш бурда ва 22 нафарро боздошт карданд.

Ахиран ҳам Avichay Adraee, сухангӯи артиши режеми саҳюнистӣ эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд, режеми саҳюнистӣ нерӯҳои худро дар Каронаи Бохтарии руди Урдун афзоиш додааст.

 

Барчасп