Таваққуфи фаъолияти шабакаи Франс 24 дар Буркина Фасо
Шабакаи хабарии Франс 24,расонаи расмии давлати Фаронса аст, ки ҳазинаҳои он аз тариқи буҷети умумии ин кишвар таъмин мешавад
Давлати Буркина Фасо фаъолияти шабакаи хабарии Франс 24-ро пас аз пахши мусоҳибаи ҷанҷолӣ бо саркардаи Алқоъида дар Марокаш барои муддати номаҳдуде ба таъхир даровард .
Ба гузориши ИРНА, Жан Эмануел-сухангӯи давлати Буркина Фасо душанбешаб гуфт : Давлат тасмими масъӯлонаеро ба нафъи миллат гирифтааст,ки пахши барномаҳои Франс 24-ро дар кулли қаламрави миллӣ мутаваққиф кунад.
Вай дар идома афзуд : Шабакаи хабарии Франс 24 на фақат ба унвони дафтари иртиботӣ барои террористҳо амал мекунад, балки фазоеро барои машрӯъият бахшидан ба иқдомоти террористӣ ва суханони хушунатзо фароҳам мекунад .
Шабакаи хабарии Франс 24 ба тозагӣ мусоҳибае аз Язид Муборакро, ки муддаии саркардагии Алқоъида дар шимоли Африқо аст, пахш карда буд.
Франс 24 дар вокуниш ба таваққуфи фаъолияти худ дар Буркина Фасо даст доштан дар ҳар гуна тахаллуферо рад кард .
Шабакаи хабарии Франс 24,расонаи расмии давлати Фаронса аст, ки ҳазинаҳои он аз тариқи буҷети умумии ин кишвар таъмин мешавад. Пеш аз ин давлати Моли сафири Фаронсаро ба далели дахолат дар масоили дохилии молӣ ихроҷ карда буд.