Апрел 05, 2023 11:20 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Русия ба узвияти Финланд дар НАТО посух хоҳад дод​​​​​

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт: Маскав бидуни шитоб ва дар замони муқтазӣ бо иттихози иқдомоти мутақобил ба узвияти Финланд дар НАТО посух хоҳад дод.

Рябков сешанбе дар пайи расмият ёфтани узвияти Финланд дар НАТО дар мусоҳиба бо шабакаи «Россия - 24» афзуд: Вақте замонаш бирасад бо оромиш посухеро, ки бояд бидиҳем, нишон хоҳем дод.

Вай дар бахши дигаре аз изҳороти худ бо ишора ба таҳдидҳои Ғарб таъкид кард, ки Русия аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ тавони дифо аз ҳокимияти худ ва дафъи ҳар гуна таҳдидеро дорад.

Рябков ҳамчунин изҳор кард, ки истиқрори таслеҳоти ҳастаии токитикии Русия дар Беларус посухе табиӣ ба чолишҳо ва хатароти фазоянда алайҳи амнияти Русия аст.

Аз сӯи дигар, Рябков дар тавсифи равобити Русия ва Амрико аз вожаи «фурӯпошӣ» истифода кард.

 

Барчасп