Апрел 11, 2023 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии рӯзноманигори амрикоӣ дар бораи инфиҷор дар хати лӯлаи Норд Стреам

Рӯзноманигори амрикоии ифшогари дасисаи Ғарб барои инфиҷори хати лӯлаи газии Норд Стреам ҷузъиёти ҷадиде аз ин иқдомро фош кард .

Дар 27 сентябри 2022 тахриби бесобиқае дар хутути Норд Стреам гузориш шуд, ки зилзилашиносони шветсиявӣ ду инфиҷорро дар 26 сентябр дар масирҳои хати лӯла сабт карданд . Ҳамалот ҳамзамон ба хутути лӯлаи Норд Стреам -1 ва 2  мӯҷиби коҳиши фишору нашти газ дар баҳри Балтика шуд .
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Сеймур Херш-хабарнигори таҳқиқии Амрико фош кард давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико ҳудӯди ду моҳ қабл аз оғози ҷанг дар Украина дар моҳи феврали 2022 дар ҳоли тарроҳии таҳдиду ҳамла барои аз байни бурдани хати лӯлаҳои интиқоли гази Норд Стреам буд .
Сеймур Херш дар идома гуфт: Дархости амалиёти тахриби хати лӯлаи газии Норд Стреам тавассути давлати Амрико қабл аз фаро расидани соли 2022 матраҳ шуда буд .
Пештар Сеймур Херш хабарнигори таҳқиқии Амрико дар моҳи феврали 2023 дар мусоҳибае бо як нашрияи олмонӣ фош кард  инфиҷори хати лӯлаи Норд Стреам дар баҳри Балтика амалиёти махфиёнае буд, ки дастури он тавассути Кохи Сафед содир ва тавассути СҶА иҷро шуд .
Ба гуфтаи Херш тасмим барои анҷоми ин амалиёт тавассути Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико пас аз 9 моҳ гуфтугӯ бо мақомоти давлат дар масоили амнияти миллӣ гирифта шуд .


 Бештар бихонед :

 

Барчасп