Таҳлил: Таъкид Лавров бар мушорикати мустақими Амрико дар инфиҷорҳои Норд Стрим
(last modified Sun, 05 Feb 2023 14:54:04 GMT )
Феврал 05, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкид Лавров бар мушорикати мустақими Амрико дар инфиҷорҳои Норд Стрим
    Таҳлил: Таъкид Лавров бар мушорикати мустақими Амрико дар инфиҷорҳои Норд Стрим

Вазири хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости тасреҳ кард, ки Амрико ба таври мустақим дар инфиҷорҳое, ки соли гузашта боиси осеби ҷидди ба хутути лулаи Норд Стрим шуд, мушорикат доштааст.

Лавров афзӯд: Муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо ибрози хушҳолӣ аз инфиҷор дар хати лулаи Норд Стрим ба мавзӯъи мушорикати Амрико дар ин ҳамла эътироф кард. Суханони ӯ нишон диҳандаи мушорикати мустақими Амрико дар ин ҳамлаи террористӣ аст.

Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ дар 26-уми январи соли 2023 гуфт, ки давлати Вашингтон аз донистани ин,ки гази Норд Стирм 2 кор намекунад, бисёр хурсанд аст, инфиҷорҳо дар хати лулаи гази Норд Стрим 1 ва Норд Стирим 2 ки барои содироти гази Русия ба Аврупо аз тариқи дарёи Болтик дар назар гирифта шуда буд дар декабри 2022 рӯх дод.

Масъалаи муҳим дар воқеъаи сарнавиштсози инфиҷор дар хати лулаи гази Норд Стрим. ки мунфаҷир ба қатъи гази ирсолии Русия ба Аврупо шуд аз замон ибтидои рӯх додани он ба арсае барои иттиҳомзании мутақобили Ғарб ва  Русия табдил шуд. Дар ин миён Украина, ки акуну даргири ҷанги густарда бо Русия аст дар ростои ҷалби ҳимояти бештари Ғарб. Маскавро омили ин ҳодиса муаррифӣ намуд.

Михаил Михайлович Подоляк мушовири  расиҷумҳӯри Украина дар Твиттер навишт: Нашти газ аз Норд Стрими 1, чизе нест ҷузъ ҳамлаи террористи  барномарези шуда тавассути Русия ва иқдоми ҷангӣ алайҳи Итиҳодияи Аврупо, Русия қасд дорад иқтисоди Аврупоро бесубот карда ва пеш аз зимистон ваҳшатофарини кунад.

Дар муқобил Русия. ки шоҳиди харобкори дар хати лулаиҳо газии ГНорд Стирми 1 ва 2 аст, ки мусаламан забони муҳимеро мутаваҷеҳи содироти гази аз тариқи Нордстирм 1 ва низ сармоягузории чанд миллиард доллари дар Норд Стрими 2 намуди омодаги кард. ки таҳқиқот дар ин замина сурат гирад. Сухангуи Кремил гуфт: Харобкорӣ як гузинаи мутаҳамил аст ва дар ҳоли ҳозир ҳеҷгунаеро наметавон нафи кард.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин, ки масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо низ дар ҳамон замони инфиҷор дар хутути лулаи гази Норд Стримро ғайри тасодуфи хонд ва таъкид  бар лузуми анҷоми таҳқиқот дар бораи нашти гази хутути лулаи Норд Стрими 1 ва 2 гуфт: Тамоми иттилоъоти мавҷӯд ҳоки аз он аст, ки ин наштиҳо, натиҷаи як иқдоми  амди  будааст.

Нуктаи муҳим ине, ки барандаи аслии ташдиди ихтилофот байни Русия ва Аврупо, Иёлоти Муттаҳида буда, ки то қабл аз таҳримҳои аврупоиҳо алайҳи энержии Русия низ ба шиддат  хоҳони вобастагии кишварҳои аврупоӣ ба гази Русия ва дар муқобил афзоиши қобили таваҷҷӯҳи содироти гази моеи табӣи Амрико ба қораи Аврупо будааст. Ҳам чунин масоили эҳтимолии дахолати Вашингтон дар харобкори дар хутути лулаи гази Норд Стирми 1 ва 2-ро  ба шиддат афзоиш дода буд.

Бо рухдоди ҳодисаи инфиҷори хутути лулаи Норд Стирим 1 ва 2 ки акунун мушахас шуда натиҷаи харобкори будааст ҷангӣ энержи байни Русия ва Ғарб вориди марҳалаи ҷадиде шуд. Бо  таваҷҷӯҳ ба манофеъи Вашингтон  талоши мустамири он барои коҳиши ҳар чӣ бештари содироити гази Русия ба Аврупо ба назар мерасад муттаҳами аслии ин моҷаро Иёлоти Муттаҳида бошад. Акунун бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти Лавров вазири умури хориҷиа Русия, ки  Амрикоро омили аслии ин ҳодиса эълом карда метавона гуфт, ки талошҳои Вашингтон дар заминаи  қатъи равобити гази Русия ба Аврупо ба вижа  ба баҳонаи ҷанги Украина на фақат  шомили фишорҳои сиёсӣ ба шуракои аврупоӣ ба вижа Олмон барои поён доданд ба воридони гази Русия балки шомили харобкори дар хутути лулаи газ барои мамонеъат аз ирсоли гази Русия ба кишварҳои аврупоӣ аз тариқи дарёи  Балтик яъне аз тариқи хутути лулаи Норд Стрим 1 ва 2 будааст.

Вашингтон то қабл аз вуқуъи ҷанги Украина борҳо дар бораи вобастагии гази ба Русия ҳушдор дода ва ҳатто далели мухолифати шаддид ва эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи хати лулаи гази Норд Стрим 2-ро афзоиши вобастаги Аврупо ба вижа Олмон ба гази воридотии Русия қаламдод мекард. Ҳадафи ниҳоии Амрико ҷойгузин шудаи гази моеъи содироти ин кишвар ба ҷои гази моеъи Русия дар бозорҳои газии Аврупо аст, ки албатта бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши қобили содироти гази моеъ ба Аврупо ва дар муқобил коҳиши шадиди содироти гази Русия ба Аврупо то ҳадди зиёде ба ҳадафи худ расидааст.

Бештар бихонед: