Дархости номзади садри аъзамии ояндаи Олмон барои таваққуфи тарҳи газии “Норд стрим -2”
(last modified 2021-06-01T09:00:08+00:00 )
Июн 01, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 80 шахсияти барҷастаи ғарбӣ таваққуфи фаврии ин пружаи газиро аз давлати Олмон дархост кардаанд
    Ҳудуди 80 шахсияти барҷастаи ғарбӣ таваққуфи фаврии ин пружаи газиро аз давлати Олмон дархост кардаанд

Номзади садри аъзамии ояндаи Олмон аз ҳизби Сабз, таваққуфи пружаи газии “Норд Стрим -2” - ро хостор шуд.

Ба гузориши нашрияи “Билд” –и Олмон, Анналена Баербок, номзади маҳбуби садри аъзамӣ дар Олмон аз ҳизби Сабз, дар ин бора изҳор дошт: Давлати Олмон аз як тараф аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ва аз тарафи дигар аз тарҳи “Норд стрим -2” ҳимоят мекунад, ки ин дақиқан хилофи якдигар аст.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки акнун охирин километрҳои хати лӯлаи интиқоли гази Русия ба Аврупо, мавсум ба “Норд стрим -2” дар ҳоли такмил шудан аст.

Ба навиштаи ин нашрияи олмонӣ, ҳудуди 80 нафар аз сиёсатмадорон, донишмандон ва низомиёни барҷастаи ғарбӣ низ дар номаи саркушодае таваққуфи фаврии ин пружаи газиро аз давлати Олмон дархост кардаанд.

Ин пружаи газӣ, ки беш аз навад дарсади он такмил шудааст, қарор аст дар оянда 55 миллиард метри мукааб гази табииро аз Русия ба Олмон мунтақил кунад.

Амрико ба баҳонаи вобастагии Аврупо ба гази Русия, шадидан бо ин пружаи газӣ мухолиф аст.

Иҷрои пружаи хати лӯлаи газии “Норд стрим -2” ба арзиши беш аз 9 миллиард евро ва бо тӯли беш аз 1200 километр, ки аз як соли пеш ва дар пайи эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия мутаваққиф шуда буд, дар авоили моҳи декабри 2020 аз сар гирифта шудааст.

Олмон ахиран дар изҳори назарҳои мухталиф эълом карда, ки бо вуҷуди ташдиди муноқишот бо Русия, ба вижа дар парвандаи марбут ба Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти Кремл ҳамчунон мехоҳад ба ин пружаи газӣ пойбанд боқӣ бимонад.

Иёлоти Муттаҳида низ борҳо тамоми ширкатҳое, ки ба навъе дар сохти хати лӯлаи 1220 километрии “Норд стрим -2” ҳамкорӣ дорандро таҳдид ба эъмоли таҳримҳои сангин кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп