Таъкиди Гросси барои ҳифозат аз нерӯгоҳи ҳастаии Запорожье
(last modified Wed, 31 May 2023 04:16:09 GMT )
Май 31, 2023 09:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гросси барои ҳифозат аз нерӯгоҳи ҳастаии Запорожье

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамзамон бо ташдиди даргирҳо миёни Киеву Маскав, бо ироаи тарҳи амниятии худро барои муҳфизат аз нерӯгоҳи ҳастаии Запорожье  бар ҳифозат аз ин нерӯгоҳ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рафаэл  Гросси дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Украина дар тавзеҳи тарҳи худ гуфт, тамоми сохторҳо, системаҳо ва аҷзои зарурӣ барои фаъолияти эмин ва амни нерӯгоҳи Запороже бояд аз ҳамалоту иқдомоти харобкорона муҳофизат шавад.

Вай афзуд, ҳеҷ гӯна ҳамлае ба нерӯгоҳи Запороже, бавижа алайҳи реакторҳо, махозини захираи сӯхти масраф шуда, соири зерсохтҳои ҳаётӣ, ё персонел набояд сӯрат гирад.

Гросси тасреҳ кард, нерӯгоҳи Запороже набояд ба унвони анбор ё пойгоҳе барои силоҳҳои сангин ё персонели низомӣ, ки метавонанд барои ҳамла аз нерӯгоҳи мавриди истифода қарор гиранд, истифода шавад.