Июл 06, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи сафири Гурҷистон аз Киев дар пайи ултиматуми 48 соатаи Украина
    Хуруҷи сафири Гурҷистон аз Киев дар пайи ултиматуми 48 соатаи Украина

Геурги Закарашвили сафири Гурҷистон дар Киев дар пайи ултиматуми 48 соатаи Украина эълом кард ки рузи панҷшанбе хоки ин кишварро тарк мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати хориҷаи Гурҷистон тасмими Киев барои ихроҷи Геурги Закарашвилиро як таҳавули бузург дар тирагии равобити миёни ду кишвар ва ҳамчунин мудохилаи Киев дар умури дохилии як кишвари мустақил тавсиф кард.

Михаил Саакашвили раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон рузи душанбе дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Тифлис ба сурати маҷозӣ ширкат кард.

Владимир Зеленский раиси Ҷумҳурии Украина пас аз баргузории ҷаласаи додгоҳи Саакшвили ба Вазорати хориҷаи ин кишвар дастур дод то Геурги Закарашвили сафири Гурҷистон дар Киевро эҳзор кунад ва ба у бигуяд то зарфи 48 соат хоки Украинаро тарк кунад то вазъияти Саакашвили ки шаҳрвандии украини низ дорад мушахас шавад.

Барчасп