Июл 07, 2023 17:45 Asia/Dushanbe
  • инфиҷор дар корхонаи «Промсинтез» дар шаҳри Чапаев
    инфиҷор дар корхонаи «Промсинтез» дар шаҳри Чапаев

Бар асари инфиҷор дар як корхонаи тавлиди маводи мунфаҷира, дар ҷануби шарқи Русия, 6 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, инфиҷор дар корхонаи «Промсинтез» дар шаҳри Чапаеви вилояти Самараи Русия замоне иттифоқ афтод, ки таъмиркорон дар ҳоли таъмири яке аз таҷҳизоти корхона буданд.

«Промсинтез» яке аз муҳимтарин корхонаҷоти тавлиди маводи мунфаҷираи санъатӣ дар Русия аст, ки маводи мунфаҷираи мавриди ниёзи саноеи маъданӣ, нафту газро таъмин мекунад. Ин корхона беш аз як қарн қидмат дорад.

 

Барчасп