Июл 14, 2023 18:11 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори ваҳшатноке дар осмони шаҳри Курчатови вилояти Курски Русия
    Инфиҷори ваҳшатноке дар осмони шаҳри Курчатови вилояти Курски Русия

Расонаҳои русӣ аз ҳамлаи паҳподӣ ва вуқуи инфиҷоре ваҳшатнок дар шаҳри атомии Курчатов хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории «Раша Тудей”, каналҳои телеграмии маҳаллӣ аз вуқуи инфиҷори маҳибе дар осмони шаҳри Курчатови вилояти Курск хабар доданд. Нерӯгоҳи атомии Курски Русия дар ин шаҳр қарор дорад.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар пайи ин инфиҷор пораҳое шабеҳ ба қатаоти паҳпод дар маҳалли вуқуи инфиҷор кашф ва шишаҳои бархе аз манозил шикаста шудааст.

Минтақаи Курск дар наздикии марзи Украина қарор дорад ва нерӯгоҳи атомии он тақрибан чаҳор километр (2. 4 мил) хориҷ аз манотиқи шаҳрӣ воқеъ шудааст.

Ширкати “Energotex”, ки таҷҳизоти реакторҳои ҳастаӣ тавлид мекунад низ дар Курчатов мустақар аст.

 

Барчасп