Июл 19, 2023 16:07 Asia/Dushanbe
  • Боғданов: Амрико тамомияти арзии Сурияро таҳдид мекунад
    Боғданов: Амрико тамомияти арзии Сурияро таҳдид мекунад

Намояндаи вижаи раисиҷумҳӯрии Сурия дар умури Ғарби Осиё ва кишварҳои африқоӣ, ҳузӯри низомии Амрико дар Сурияро ғайри қонуни ва таҳдиде барои тамомият ва ваҳдати сарзамини ин кившар донист.

Бо шикасти гурӯҳи террорсти ДОИШ, нерӯҳи амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гурӯҳи террористӣ шуданд ва дақиқан ҳамон замон низ ба ҷои ДОИШ шурӯъ ба истихроҷ ва ғорати нафти Сурия карданд. Давлати Сурия борҳо таъкид кардааст, ин шибҳи низомиён ва амрикоиҳо дар шарқ ва шимоли шарқии Сурия ҳадафе ҷӯзъ ғорати нафт надоранд ва ҳузӯри онон ғайри қонуни аст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ирно, намояндаи вижаи раисиҷумҳӯриии Русия дар умури Ғарби Осиё ва кишварҳои африқоӣ тайи изҳороте таъкид кард: Вашингтон аз баҳонаи мубориза бо терроризм барои ҳузӯр дар шарқи Фурот баҳрабардорӣ мекунад. Манотиқи муҳими иқтисодии Сурия, ки нафт ва манобеъи муҳими табиӣ доранд, дар шарқи Фурот қарор дорад.

Вай афзӯд: Нерӯҳои амрикоӣ аз гурӯҳҳои курд ҳимоят мекунанд, ки нақзи ваҳдати сарзамини ҷумҳӯрии арабии Сурия аст.

Боғданов дар бораи бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи араб гуфт: Мушорикати Башор Асад раисиҷумҳӯрии Сурия дар иҷлоси ахири сарони араб дар ҷодаи муҳим ва мусбат буд.

Вай ибрози убедвори кард, ки ин мушорикат ба пешбӯрди роҳи ҳал барои бӯҳрони Сурия ва бозгашти оворагон кумак кунад.

 

Барчасп