Июл 26, 2023 12:37 Asia/Dushanbe
  • СММ аъмоли хушунатомез алайҳи дин ва эътиқодоти динӣ ва ҳар гуна иқдом алайҳи кутуби муқаддас ва макотибу марокизи фарҳангиро маҳкум кард.
    СММ аъмоли хушунатомез алайҳи дин ва эътиқодоти динӣ ва ҳар гуна иқдом алайҳи кутуби муқаддас ва макотибу марокизи фарҳангиро маҳкум кард.

Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи сешанбе қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он ҳар гуна хушунат алайҳи кутуби муқаддас ва беэҳтиромии онҳоро ба унвони нақзи қавонини байналмилалӣ маҳкум мекунад.

Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар пайи беэҳтиромии зиёд ба Қуръони Карим дар кишварҳои Шветсияву Дания ва хашму вокуниши давлатҳову миллатҳои мусулмони ҷаҳон нисбат ба ин иҳонатҳо ба тасвиб расид.

Қатъномаи тасвибшуда аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шиддат тамомии аъмоли хушунатомез алайҳи афрод бар асоси мазҳаб ё эътиқодоти онҳо ва ҳамчунин ҳар гуна иқдом алайҳи намодҳои мазҳабӣ, кутуби муқаддас, манозил, машоғил, амлок, макотиб, марокизи фарҳангӣ ё ибодатгоҳҳо ва ҳамчунин ҳар гуна ҳамла ба маконҳои динӣ, ибодатгоҳҳову зиёратгоҳҳои мазҳабиро маҳкум ва ин гуна иқдомотро нақзи қавонини байналмилалӣ эълом кард.

 

Барчасп