Июл 30, 2023 19:44 Asia/Dushanbe
  • Бонуи боҳиҷоби футболист дар Ҷоми Ҷаҳонӣ
    Бонуи боҳиҷоби футболист дар Ҷоми Ҷаҳонӣ

Як бонуи футболист бо ҳиҷоби исломӣ барои тими Мағриб баробари Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Футболи занон бозӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, бо тавваҷуҳ ба ин ки Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) то кунун ҳузури бонувон бо ҳиҷоби исломӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Футболро мамнуъ карда буд, аммо ин қонун бо бозии Нуҳойло Бензино, бонуи футболисти 25 солаи мағрибӣ бо ҳиҷоби исломӣ дар дидор баробари Кореяи Ҷанубӣ дар нуҳумин давраи Ҷоми Ҷаҳонии Футболи занон ба мизбонии муштараки Австралия – Зелландияи Нав шикаста шуд.

Нуҳойло Бензино бо ҳиҷоби исломӣ ба ҷои Ёсамин Муробат дар пости дифоъ ба унвони бозикуни таъвизӣ дар дуюмин бозии тими Мағриб, дар нуҳумин давраи Ҷоми Ҷаҳонии Футболи занон вориди замин шуд.

Нуҳойло Бензино дар мусобиқаи аввали тими Мағриб баробари Олмон нимкатнишин буд.

Тими Мағриб дар дидори аввал баробари Олмон 6 бар сифр бозиро вогузор кард ва дар дидор баробари Кореяи Ҷанубӣ як бар сифр бозиро бурд ва дар дидори охири марҳалаи гуруҳӣ бояд ба масофи Колумбия биравад.

 

Барчасп