Декабр 27, 2016 15:59 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Афғонистон аз музокироти сеҷониба дар Маскав

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон аз баргузории иҷлоси сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар Маскав интиқод кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Аҳмад Шикеби Мустағнӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон эълом кард, баррасии авзои ин кишвар дар ғайби афғонҳо наметавонад ба баррасии воқеъбинонаи авзои Афғонистон кӯмак кунад.

Мустағнӣ бо баёни ин ки Афғонистон дар нишасти сулҳи Маскав даъват нашудааст, афзуд, ибҳом дар бораи ин навъи нишастҳову ҳамоҳанг нашудани он бо Афғонистон, нигарониҳоеро ба вуҷуд меовараду Кобул аз баргузоркунандагони он тавзеҳ мехоҳад.

Дар ҳамин ҳол аъзои маҷолиси санову намояндагони Афғонистон ҳам нишасти сеҷонибаи Покистон, Чин ва Русия дар бораи раванди сулҳи Афғонистонро дар Маскав дахолат дар умури ин кишвар хонданд.

Абдуллоҳ Рауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси миллии Афғонистон гуфт, баргузории ин гуна нишастҳо дар хусуси мушкилоти Афғонистон то кунун дастоварде надоштаву дар таъмини амнияту барқарории сулҳу суботи Афғонистон ҳам муассир набудааст.

 

Барчасп