Август 19, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Русия: Украина бори дигар ба пули Қрим ҳамла кард

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки Украина бори дигар бо мушаки с – 200 ба пули Қрим ҳамла кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати дифои Русия тайи иттилоия хотирнишон кард, Киев бомдоди имрӯз (шанбе 19 август), бо нусхаи таҳоҷумии мушаки ҳидоятшавандаи падофанди ҳавоии с - 200 ҳамлаи террористии дигаре алайҳи пули Қрим анҷом дод.

Ин ниҳод тасреҳ кард, сомонаҳои падофанди ҳавоии артиши Русия ин мушакро қабл аз инки ба ҳадаф худ бирасад, шиносоӣ ва сарнагун карданд ва ҳеҷ гуна талафоти ҷонӣ ё хисорати молӣ аз он ҳосил нашудааст.

 

Барчасп