Октябр 04, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ронандагони 16 ширкати рейлии Британия чаҳоршанбе даст аз кор кашиданд
    Ронандагони 16 ширкати рейлии Британия чаҳоршанбе даст аз кор кашиданд

Даври ҷадиди эътисоб ё корпартоии коркунони шабакаи рейлии Британия дар эътироз ба шароити номатлуби корӣ, кори зиёд ва дастмуздҳои пойин, системаи ҳамлу нақли ин кишварро бори дигар замингир кард.

Ронандагони 16 ширкати рейлӣ чаҳоршанбе даст аз кор кашиданд то садои эътирози худро дар охирин рӯз аз конфронси солонаи ҳизби ҳокими муҳофизакор ба гӯши мақомоти давлати Лондон бирасонанд.

 

Ин чаҳордаҳумин эътисоби сангини коркунони шабакаи рейлии Британия ба шумор меравад, ки ба таъбири расонаҳои ин кишвар, истгоҳҳои қаторро ба саҳро табдил кардааст.

 

Барчасп