Мудири Хадамоти амнияти федералии Русия: Террористҳо мехоҳанд қудратро дар Осиёи Марказӣ ба даст гиранд
(last modified 2023-10-13T14:22:33+00:00 )
Октябр 13, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Бортников: Дар ваҳлаи аввал Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аз назари амниятӣ осебпазир ҳастанд
    Бортников: Дар ваҳлаи аввал Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аз назари амниятӣ осебпазир ҳастанд

Дар рӯзи 11 октябр Александр Бортников, мудири Хадамоти амнияти федералии Русия (FSB) дар нишасти хадамотҳои амниятӣ ва вижаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълом кард, ки ҳадафи авлавияти террористҳо ба даст гирифтани қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Хабаргузории ТАС дар ин бора хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, дар ваҳлаи аввал Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аз назари амниятӣ осебпазир ҳастанд.

Бортников гуфт, ки имрӯз теъдоди ҷангҷуёни Алқоида беш аз 1. 5 ҳазор нафар аст, онҳо дар 20 вилояти Афғонистон, умдатан дар ҷануби шарқи кишвар фаъол ҳастанд ва маркази онҳо вилояти Нуристон аст.

Вай гуфт, теъдоди размандагони “Иинтақаи Хуросон” ба 6. 5 ҳазор нафар расида ва дар тамоми манотиқи марзиву маркази Афғонистон фаъолият мекунанд.

Раиси амнияти федералии Русия афзуд, ин гуруҳҳо мумкин аст дар ояндаи наздик тавоноии анҷоми ҳамалоти террористӣ дар хориҷ аз марзҳои Афғонистонро дошта бошад.

Бортников изҳор дошт, ки раҳбарони гуруҳҳои террористӣ барномаҳои худро барои Иттиҳоди гуруҳҳои пароканда ва густариши онҳо дар кишварҳои ҳамсоя, дар дараҷаи аввал дар Осиёи Марказӣ ва Русия пинҳон намекунанд.

Вай ҳушдор дод, ки ҳадафи аслии террористҳо ба даст гирифтани қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ва қарор додани онҳо дар хилофати ба истилоҳ ҷаҳонӣ аст.

Вай афзуд, ин таҳаррукот бо мушорикати фаъоли сервисҳои вижаи амрикоӣ ва Британия сурат мегирад.

Дар ин росто табиӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз таҳдиди террористии Афғонистон, хадамоти худро дар заминаи низомӣ – фаннӣ ва амнияти марзӣ ба шуракои мо аз кишварҳои Осиёи Миёна ироа мекунанд. Мо мутмаин ҳастем, ки вазифаи онҳо тасоҳуби низомии фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CIS) ва ҳамчунин эҷоди хутути тақсими ҷадид байни он аст.

 

Барчасп