БРИКС ба дунболи коҳиши вобастагӣ ба доллари Амрико
Иқтисоддони рус гуфт, арзи БРИКС ба зуддӣ ҷойгузини доллари Амрико мешавад.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА Сергей Глазиев, иқтисоддони рус гуфт, арзи БРИКС ҳануз роҳандозӣ нашуда, аммо нармафзор ва абзорҳои риёзии он эҷод шудааст.
Вай афзуд, қарор аст, ин арз ба зудӣ ҷойгузини доллари Амрико (арзи захираи ҷаҳон) шавад.
Ин коршиноси иқтисодӣ афзуд, барои роҳандозӣ ин арз, ниёзманди ризояти сиёсии аъзои гуруҳи БРИКС ҳастем. Се нафар аз аъзо қаблан ҳимояти худро аз иддеаи муаррифии арзи ҷадид аз тариқи сарони кишварҳои худ эълом кардаанд.
Агар арзи БРИКС қавитар шавад ва кишварҳои зиёде онро бипазиранд, доллари Амрико ба хатар хоҳад афтод. Ин эҳтимол вуҷӯд дорад, ки БРИКС, бо коҳиши тақозо ва арзаи доллари Амрико дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз қудрати он бикоҳад.
Авоқиби истифода накардани кишварҳои ҷаҳон аз доллари Амрико, барои иқтисоди ин кишвар фоҷеъабор хоҳад буд.
Ин иқтисоддон аз таърихи арзаи озмоишии арзи ҷадид суханӣ нагуфт.
Бар асоси гузоришҳо, эҳтимол дорад арзи ҷадид тайи нишасти баъдии сарони БРИКС дар Русия мунташир шавад. То он замон, мумкин аст, эътилофи БРИКС зерсохтҳои муносиби ин арзро танзим ва аз он пуштибонӣ кунад.
Бештар бихонед: