Ноябр 11, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти миллионӣ дар Лондон дар ҳимоят аз Ғазза+видео

Тазоҳуроти миллионии ҳимоят аз мардуми Фаластин дар хиёбонҳои Лондон ҳамакнӯн дар ҳоли баргузорист.

Ба гузориши «Индипендент», теъдоди зиёде аз ҳомиёни Фаластин имрӯз (шанбе) ба хиёбонҳои Лондон, пойтахти Англия омада ва бо баргузории тазоҳуроте эътирозомез алайҳи ишғолгарони Қудс хостори барқарории оташбас дар Навори Ғазза шуданд.

Бар асоси эъломи ин расона, тазоҳуроти имрӯз дар Лондон пас аз он баргузор шуд, ки ишғолгарони Қудс аз дишаб эълом карданд, ки дар ҳоли густариши амалиёти заминӣ алайҳи мардуми мазлӯми Ғазза ҳастанд.

 

 

Барчасп