Ноябр 18, 2023 10:32 Asia/Dushanbe
  • акс / Барпоии Намоишгоҳи муқовимати Фаластин ба ибтикори Эрон дар Покистон

Ҳамзамон бо чиҳилу дувумин рӯз аз амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, Намоишгоҳи акси муқовимати Фаластин ба ибтикори ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод барпо шуда ва ҷиноёти режими ишғолгари Исроил алайҳи мардуми мазлуми Ғазза дар қолаби тасвир ба намоиш даромадааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Намоишгоҳи акси Фаластин бо унвони "мазлумият, муқовимат, пирӯзӣ" ба эҳтимоми ройзании фарҳангии сафорати Эрон ва маркази фарҳангӣ-ҳунарии вобаста ба Вазорати фарҳанг ва мероси миллии Покистон рӯзи ҷумъа дар Исломобод кушоиш ёфт.

 Маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ бо ҳузури Сайидҷамол Шоҳ-вазири фарҳанги Покистон, Ризо Амирӣ Муқаддам-сафири Эрон дар Покистон, Эҳсони Хазоъӣ-ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Покистон, намояндаи сафорати Фаластин ва бархе аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва ҷамъе аз фаъолони мудофеъи ҳуқуқи Фаластин ва ҳомиёни ҷабҳаи муқовимат баргузор шуд.

Image Caption

 Амирӣ Муқаддам-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ бо маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза гуфт: Зулм ба мардуми Фаластин дар таърих сабт хоҳад шуд ва қатъан пирӯзӣ аз они мардуми Фаластин мебошад.

Image Caption
Image Caption

Амирӣ Муқаддам-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон изҳор дошт: Ҷаҳони Ислом бояд иқдомоти маънодор ва таъсиргузоре пиёда кунад, то ибтидо оташбас дар Ғазза тазмин шавад, коридори инсондӯстона барои кумак ба мардуми Ғазза боз шавад, сипас барои эҷоди аҳромҳои лозим алайҳи режими саҳюнистӣ муттаҳид шавад.

 Вазири фарҳанги Покистон ба унвони меҳмони вежаи ин барнома бо қадрдонӣ аз ибтикори ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Покистон барои барпоии намоишгоҳи Фаластин гуфт: Таваққуфи ҷиноёти Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин якпорчагии ҷаҳон Ислом ва яксадоии миллатҳои адолатхоҳи ҷаҳонро металабд.

Намоишгоҳи акси Фаластин, шомили 76 асари мунтахаби ҳунарӣ дар ҳавзаи аккосӣ, наққошӣ ва карикотура бо мавзӯъи Қудс, Фаластин ва Ғазза ба муддати се рӯз доир аст.

 

 

 

 

 

Барчасп