Декабр 21, 2023 11:06 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти хонаводаҳои асирон дар маркази Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ
    Тазоҳуроти хонаводаҳои асирон дар маркази Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ

Хонаводаҳои асирони исроилӣ дар тазоҳуроти ، чаҳорроҳи мунтаҳӣ ба маркази Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар Тел-Авивроо масдӯд карданд .

Ба гузориши сайти хабарии Аламёдин, дар пайи кӯшта шудани се асири саҳюнистӣ тавассути артиши режими саҳюнистӣ, хонаводаҳои асирони ин режим дар тазоҳуроте дар вурӯдии мақари Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ва  ситоди артиши ин режим дар Тел-Авивро масдӯд карданд .

Ин тазоҳурот дар ҳоле анҷом мешавад, ки чанд рӯзи пеш ҳам хонаводаҳои асирони саҳюнистии  хиёбони « Кобулон » дар Тел-Авив  ки акнӯн ба майдони асирони маърӯф шуда, тазоҳурот карда ва  хоҳони бозгашти асирон ва баста шудани фаврии муомилаи табодули асирон бо ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) шуданд.

Рӯзномаи Yedioth Ahronoth ҳам навишт, пас аз ин,ки " Бинямин Нитаниёҳу " нахуствазири режими саҳюнистӣ дидор бо хонаводаҳои асиронро напазируфт ، онҳо таҳдид ба эътисоби ғизо карданд .

Ин рӯзнома навишт, 100 хонаводаи асирони саҳюнистӣ Нитаниёҳуро ба ин амр муттаҳам карданд, ки дар миёни онҳо тафриқа эҷод мекунад то ба мутолиботи онҳо посухи надиҳад .

Барчасп