Гиромидошти ойини эронии «Ялдо» бо ҳузури эрониёни муқими Покистон + ВИДЕО
Маросими гиромидошти ойини бостонии шаби “Ялдо” ба мизбонии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Покистон ва бо ҳузури дипломатҳо, раисони ниҳодҳои эронӣ ва ҷамъе аз ҳамватанони муқими шаҳри Исломобод баргузор шуд.
Нахустин шаби зимистону тӯлонитарин шаби сол - шаби “Ялдо” ном дорад.
Ойини шаби “Ялдо” аз куҳантарин ойинҳои эрониён аст ва ин ойин аз дербоз намоде барои иттиҳод, ҳамдилӣ ва таомули эрониён будааст.
Маросими гиромидошти ойини бостонии шаби “Ялдо” ба мизбонии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Покистон ва бо ҳузури дипломатҳо, раисони ниҳодҳои эронӣ ва ҷамъе аз ҳамватанони муқими шаҳри Исломобод баргузор шуд.
Покистониҳо дар бархе аз шаҳрҳои ин кишвар низ ин шабро ба унвони аввалин шаби зимистон медонанд ва бо баргузории ҷашни суннатии мавсум ба «Маҳфанг» ба истиқболи фасли сармо мераванд.
Ойини вижаи шаби Ялдо илова бар Сафорати Эрон дар Исломобод, дар шаҳрҳои Лоҳур, Кувайта, Пешовар ва Карочи аз сӯи намояндагиҳои фарҳангии Эрон барпо шуд.