Тавофуқи Эрон ва Русия барои ба коргирии пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ
(last modified 2023-12-28T08:14:47+00:00 )
Декабр 28, 2023 13:14 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Русия барои ба коргирии пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ
    Тавофуқи Эрон ва Русия барои ба коргирии пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия барои ба коргирии пули миллии ду кишвар ба ҷои доллар дар мубодилоти тиҷорӣ ، тавофуқ карданд.

Равобити умумии Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз чаҳоршанбе эълом кард ، дар пайи амалиёти шудани бастарҳои пулӣ ва бонки миёни Эрон ва  Русия, фасли ҷаддидӣ аз равобити бонкии ду кишвар оғоз шудааст .

Аз ин рӯ зерсохтҳо ва  бастарҳое ҳамчун иттисоли сомонаҳои паём расонии ғайрисуифти ва  барқарории равобити дутарафаи коргузори бо пулҳои миллии миёни юонкҳои тиҷории ду кишвар ки қаблани эҷод шуда буд имрӯз чаҳоршанбе мавриди истифодаи бонкҳо ва  фаъолони иқтисодии қарор гирифтааст .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Садо ва Симо ; « Муҳаммадризои Фарзин» раиси кули Бонки марказии Эрон, ки дирузи сешанбе ба манзури афзоиши ҳамкориҳои пулӣ ва  бонкӣ бо Русия ба Маскав сафар кардааст бо « Элвира Набиуллина » раиси кулли Бонки марказии Русия дидор ва гуфтугӯ кард .

Дар дидори раиси кулли Бонки марказии Эрон бо раиси кулли Бонки марказии Русия илова бар ниҳоисозии тавофуқи бакоргирии пулҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷории ду кишвари баҷои доллар, бар афзоиши ҳамкориҳои пулӣ ва  бонкӣ, баҳра бардорӣ аз зарфиятҳои Брикс ва ҳамчунин тақвияти муносибот дар чорчӯби тавофуқномаи тиҷорати озоди миёни Эрон ва  Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид шуд .

Гуфтанӣ аст дар ҷараёни сафари раиси кулли Бонки марказии Эрон ба Маскав ва ба дунболи ройзаниҳо ва  амалиётисозии бастарҳои пулӣ ва  бонки, аввалин « LC  » шабакаи банкии Эрон дар хориҷ аз кишвар низ аз тариқи Бонки « Сипаҳ » дар Русия гушоиш ёфт .

Арзиши ин «LC» ( Letter of Credit )  барои шурӯъ ، маблағи 17 миллион евра аст ва бо шарти пардохти муддатдор барои воридот истифода мешавад .

Ҳамчунин бо ҳузури раиси кулли Бонки марказии Эрон ، ҷаласае миёни мудирон « Сбербанки Русия » ва « Бонки миллии Эрон » баргузор шуд, ки бар асоси он хати эътибори ба арзиши шашу ним миллиард рубл барои воридоти колоҳои асосӣ аз Русия барои Эрон эҷод шудааст .

Барчасп