Фарохони ДИИШ барои ҷиҳод дар Русия
Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори як видеои 9 дақиқаӣ дар ютюб Путин, раисҷумҳури Русияро мухотаб қарор дода ва ин кишварро ба ҷиҳод таҳдид кардааст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ нерӯҳояшро ба ҷиҳод дар Русия фаро хонд.
Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, ин гурӯҳи террористӣ бо интишори як видеои 9 дақиқаӣ дар ютюб эълом кард: "Гуш кун Путин, мо ба Русия хоҳем омад ва шуморо дар хонаҳоятон хоҳем кушт... Бародарон ҷиҳод кунед, онҳоро бикушед ва бо онҳо биҷангед".
Дар ин видео ин паёмро фарде, ки сураташро пушонда ва дар ҳоли ронандагӣ дар як биёбон аст, бо фарёд рӯ ба дурбин эълом мекунад.
Токунун таъини сиҳҳат ва сақми ин паём имконпазир нашуда, аммо линке, ки дар ин паём нерӯҳои дар ҳоли омӯзиши ДИИШ-ро ба тасвир кашида, бо линки мунташиршуда дар паёми телеграмии ин гурӯҳ мушобеҳ аст.