Таъкиди намояндаи Покистон дар Созмони Миллал бар таваққуфи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза
(last modified 2024-01-25T13:19:10+00:00 )
Январ 25, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи Покистон дар Созмони Миллал бар таваққуфи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Намояндаи доими Покистон дар Созмони Миллали Муттаҳид бар таваққуфи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза таъкид кард.

Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ муҷиби идомаи куштори занону кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии ин режими номашруъ шудааст.

 Бар асос тозатарин омори Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шуҳадои фаластинӣ аз ибтидои ҷанг алайҳи борикаи Ғазза то кунун ба беш аз 25 ҳазор нафар расида ва беш аз 63 ҳазор нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд. Ин ҳамлаҳо, ки бо маҳкумияти густурдаи ҷаҳонӣ рубару шуда бо ҳимоятҳои Амрико ҳамчунон идома дорад.

 Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Мунир Акрам-намояндаи доими Покистон дар СММ гуфт: Агар мошини куштори режими Исроил дар Ғазза мутаваққиф нашавад, эҳтимоли ташдиди бештари танишҳо вуҷуд дорад, ки мумкин аст бисёре аз кишварҳо дар он гирифтор шаванд.

 Мунир Акрам бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ ба дунболи даргирии ҳамешагӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст, афзуд:Ҷаҳон дар тӯли се моҳи гузашта шоҳиди ваҳшёнатарин куштори ғайринизомиён дар қарни бисту якум будааст.

 Намояндаи доими Покистон зимни таъкид бар ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф хотирнишон кард , агар режими саҳюнистӣ дар сарпечӣ аз барқарории сулҳ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин пофишорӣ кунад, Шӯрои Амният, Маҷмаъи Умумӣ ва дар воқеъ ҳама кишварҳои узви СММ бояд бо иқдомоте ба ин масъала посух гӯянд.

 Маҷмаъи умумии СММ 12 декабри 2023 қатъномаеро бо раъйи мусбати 153 узви худ тасвиб кард, ки хостори оташбаси фаврии башардӯстона дар Ғазза шудааст.Шӯрои Амният аз замони оғози ҷанги режими Исроил дар борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 ба далели мухолифатҳо ва ветои Амрико, яке аз аъзои доими ин Шӯро, то кунун натавонистааст ба рағми фишорҳои ҷаҳонӣ ва хостаи афкори умумии ҷаҳон, оташбаси доимӣ дар Ғаззаро барқарор кунад.

 

Барчасп