Январ 04, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз тақвияти ҳузури Русия дар Афғонистон

Фаъол шудани Русия дар умури Афғонистон нигарониҳоеро дар мавриди аҳдоф ва паёмадҳои он дар ин кишвар барангехтааст, ба гунае ки Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон изҳороти ахири Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистонро мудохилаи ошкори Маскав дар умури ин кишвар донист.

Замир Кобулов, ки назарияпардози Русия дар умури Афғонистон маҳсуб мешавад, ахиран, изҳоротеро дар мавриди таҳаввулоти ин кишвар баён карда, ки вокуниши маҳофили сиёсӣ ва қонунгузории Афғонистонро барангехтааст. Ӯ зимни эътироф ба иртибот бо гурӯҳи Толибон вуҷуди пойгоҳҳои Амрикоро дар Афғонистон бар зарари амнияти милии Русия донист ва дар мавриди тақсим шудани Афғонистон ҳушдор дод.

Сиёсати Русияро дар робита ба Афғонистон пас аз соли 2001, замони ишғоли он аз сӯйи Амрико метавон ба ду давра тақсим кард. Давраи аввал то соли 2013 аст, ки Ҳукумати Русия ба далели шикасти сангини Артиши Сурхи Шӯравӣ дар Афғонистон ва хашму нафрати мардуми ин кишвар тамоиле барои бозгашт ба ин кишвар надошт. Бинобар ин Русия ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон фурсате барои ба ботлоқ кашонидани ин кишвар ва таҳмили шикасти сангин бар Вашингтон таъбир мекард. Давраи дуюми сиёсатҳои Русия дар қиболи Афғонистон аз замони зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар ва эҳсоси таҳдиди амнияти Осиёи Марказӣ аз сӯйи ин гурӯҳ дар се соли гузашта оғоз шуд.

Муваффақияти Русия дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия Маскавро бар он водор намуд, то бо баҳонаи мубориза бо гурӯҳи ДИИШ вориди таҳаввулоти Афғонистон шавад. Иртиботи мустақими Русия бо гурӯҳи Толибон ва эҳтимоли иртибот бо гурӯҳҳои узбак, бахусус генерал Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо баргузор шудани нишасти ахири Маскав дар мавриди Афғонистон бо ҳузури намояндагони Чину Покистон ба нигарониҳо дар мавриди паёмадҳои дахолати Русия дар Афғонистон доман мезад. Аз дидгоҳи ҳукумат ва парлумони ин кишвар, Русия ҳамроҳи Чин аз даричаи Покистон ба таҳавуллоти Афғонистон менигарад ва барои ҳузури дубораи худ дар ин кишвар аз тариқи Покистон вориди амал шудааст. Аз нигоҳи бархе коршиносон, бозгардонидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон, эҷоди чеҳраи байналмилалӣ барои ин гурӯҳ, доман задан ба ихтилофот дар Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ аз тариқи ҳимоят аз ҷиноҳҳои қавмӣ, чун ҷиноҳи қавмии узбакҳо ба манзури тақвияти мавқеи Дӯстум дар шимоли Афғонистон, ҳамчунин талош барои эҷоди ҷанги ниёбатӣ бо Амрико дар он кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои Маскав дар Афғонистон гуфта мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба нафрати мардуми Афғонистон аз Русия ба далели ишғолгарии Артиши Сурх дар даҳаи 70-и асри гузашта Толибон низ чандон тамоиле барои ҳамкории роҳбурдӣ бо Русия надорад, ба ҳамин далел ин гурӯҳ хоҳони музокира бо Амрико шудааст. Аз ин рӯ, Русия бо баҳонаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ бозии чандҷонибаеро дар Афғонистон оғоз кардааст, ки ҳадаф аз он заиф кардани давлати Кобул ва баръакс тақияти минтақаву гурӯҳгароӣ аст. Русия ҳеҷ имконе барои барои ҳузур дар манотиқи ҷанубии Афғонистон ба далели паштун будани сокинони он ҷо надорад, ба ҳамин далел бо кӯмаки Туркия бар манотиқи шимолии Афғонистон ва ҳамчунин ҷиноҳҳои қавмии узбак, тоҷику туркман муттамарказ шудааст. 

Вуруди генерал Дӯстум бо ду ҳазор сарбоз ба Кобул ёдовари таваллоти даҳаҳои қабли Афғонистон аст, ки қавмгароӣ ва қӯшункашӣ таъйинкунандаи мизони қудрати гурӯҳҳо буд; вазъияте, ки аз дидгоҳи бархе маҳофил дар Афғонистон, аз сӯйи Русия доман зада мешавад. Ҳукумати Афғонистон барои рафъи ҳар гуна шакку гумони дахолати Русия дар умури ин кишвар хостори иртиботи давлати Маскав бо давлати Афғонистон ва тақвияти он барои мубориза бо терроризм шудааст, зеро ин бардошт дар ҷомеаи Афғонистон вуҷуд дорад, ки Русия ва Покистон дар якҷоягӣ бо бузургнамоии хатари гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ҳадафҳоеро чун тақвияти Толибон ва тақвияти ҳузури низомии Русия дар Осиёи Марказӣ дунбол мекунанд, ки ин метавонад паёмадҳои хатарноке барои амнияти минтақа ва ҳамосояҳои Афғонистон дошта бошад.  

Барчасп