Тафсир/ Натиҷаи ниҳоии интихоботи Покистон+назари коршинос
(last modified Tue, 13 Feb 2024 14:16:26 GMT )
Феврал 13, 2024 19:16 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Натиҷаи ниҳоии интихоботи Покистон+назари коршинос

Камиссиони интихоботи Покистон натоиҷи ниҳоии интихоботи порлумонии ин кишварро, эълом кард ва номзадҳои мустақили вобаста ба Таҳрики инсофи Имрон Хон муваффақ ба касби 101 курсӣ шуданд.

Дар интихоботи порлумонии Покистон, ки ҳаштуми феврал баргузор шуд, Ҳизби муслимлиги Навоз 75 курсӣ ва Ҳизби мардуми Покистон 54 курсиро касб карданд.

Ин барои нахустинбор дар таърихи сиёсии Покистон аст, ки намояндагони мустақил, ки бештари онони мавриди ҳимояти Имрон Хон ҳастанд, метавонанд бештарин курсиҳои порлумонро аз он худ кунанд.

Бо ин ҳол ҳеҷ як аз руқабои сегона муваффақ ба касби нисфи ба илова як аз 266 курсии порлумон ҷиҳати ташкили давлат нашуданд. Бинобар ин давлати ояндаи Покистон эътилофӣ хоҳад буд.

Бар асоси қонӯни интихоботи Покисто , агар ҳеҷ ҳизбе муваффақ ба касби аксарияти нисф ба иловаи як орои раъйдиҳандагон нашавад, ҳизби пирӯз ё ҳизбе, ки бештарин курсиро касб карда бошад, бояд барои ташкили давлат эътилоф ташкил бидиҳад.

Ба далели маҳдӯдиятҳое, ки барои Таҳрики инсоф дар интихоботи порлумонӣ эъмол шуд, номзадҳои он ба шакли мустақил дар интихобот ширкат карданд.

Аммо инки дар порлумони номзадҳои мустақил ҳамчунон ба Таҳрики инсоф вафодор бимонанд мавзӯи муҳимме, ки вазну мавқеъияти аҳзобро дар порлумон нишон хоҳад дод.

Агар намояндагони мустақили пирӯз дар интихобот ҳамчунон ба Таҳрики инсоф вафодор бимонанд ин ҳизб, зимни гуфтугӯ бо соири аҳзоб метавонад, давлати эътилофиро ташкил диҳад. Аббос Хатак, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегуяд: “ Раъйи мардум ба номзадҳои мустақили вобаста ба Таҳрики инсоф баёнгари пазириши шиорҳои он бахусӯс дар мавриди истиқлол дар сиёсати хориҷӣ ва муқобила бо фақр аст. Илова бар ин пушти саргузоштани аҳзоби дугонаи Муслими лиги Навоз ва мардум аз сӯи номзадҳои мустақили вобаста ба Таҳрики инсоф дар интихобот таҳаввуле шигарф дар таҳаввулоти сиёсии Покистон маҳсӯб мешавад.”

Дар ҳоле, ки Муҳаммад Навоз Шариф талоши ҳамаҷонибаеро барои касби мақоми нахуствазирӣ, оғоз ва ҳатто гуфта мешавад, бо Ҳизби мардум низ барои ташкили давлати эътилофӣ ба тавофуқ расидааст, натоиҷи интихобот ҳамаи муъодилоту орзӯҳои Муҳаммад Навоз Шарифро метавонад ба таври комил барҳам бизанад дар ин ҳол, нақши артиш низ дар таъйини шароити ояндаи сиёсии Покистон бисёр муҳим аст.

Ин ба-дон маъно аст, ки наҳваи бозигарии Таҳрики инсофу намояндагони мустақили мутааллиқ ба он, дар арсаи сиёсии Покистон эҳтимолан ниёзманди ҳамкорӣ ва ҳамроҳии артиш аст.

Агар ин ҳамкорӣ ба наҳви матлӯб сӯрат нагирад, эҳтимоли инки вазъияти сиёсии ояндаи Покистон бо печидагиҳое рӯбарӯ шавад, дур аз интизор нест.

Зеро ба эътиқоди бархе аз маҳофил дар Покистон, интихоби артиши Мусалим лиг ва эҳтимолан нахустазирии Муҳаммад Навоз Шариф будааст.

Дар ин ҳол, салби ҳимояти артиш аз Имрон Хон дар давраи нахуствазирӣ боис шуд то порлумон бо адами раъйи эътимод, вайро барканор кунад ва акнӯн низ дар зиндон аст. Бинобар ин, Таҳрики инсоф бидуни ҷалби ҳимояти артиш роҳи сахту душворе барои ташкили давлати эътилофӣ хоҳад дошт.

Ин ба-дон маъно аст, таҷрибаи ҳокимияти аҳзоб, аз ҷумла Муслим лиги Навоз ва Таҳрики инсоф нишон медиҳад, касби пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ шарти лозим, аммо сирфан кофӣ барои давлатмадории хуб дар Покистон нест.

 

Бештар бихонед: