Март 05, 2024 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ройзани фарҳангии Ҳиндустон : Эрониён бо забони форсӣ суннати дониши Ҳиндро ғанӣ карданд

Ройзани фарҳангии Ҳиндустон дар Эрон ва устоди забонҳои санскрит ва форсӣ бо таъкид бар нақши забони форсӣ дар густариш ва ғанисозии дониши кишвараш гуфт: Эрониён бо интишори дониши ҳиндӣ ва низ тавлиди илм дар Ҳиндустон дониши ин кишварро ғанӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Блром Шакло бо ишора ба инки Ҳинд ҳазорон сол ҷомеаи донишбунёд будааст, унвон кард: Забон ва адабиёти форсӣ яке аз низомҳои донишӣ аст, ки ба таври физояндае дар ҷиҳати пурбор шудани суннати дониши Ҳинд амал кардааст.

Image Caption

 Вай дар посух ба ин пурсиш, ки чаро Ҳинд ба ин мизон аз ҷараёни дониши форсӣ таъсир гирифта ва бо он пурбортар шудааст,гуфт: Аз замонҳои дур, миёни Ҳинд ва Эрон пайвандҳои фарҳангӣ барқарор буда ва ин иртибототи дуҷониба, аз марзҳои ҷуғрофиёӣ, қавмӣ ва динӣ гузар кардааст. Бо вуҷуди тағйироти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, иртибот миёни мардуми Эрон ва Ҳинд ҳаргиз равнақи худро аз даст надода ва дар давраҳои мухталифи таърихӣ пайвандҳои фарҳангӣ миёни ин ду миллат дар бахшҳои мутафовите шукуфо шудааст. Дӯстии куҳан миёни мардумони Ҳинду Эрон ҳам бар масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ устувор аст ва ҳам бар дарк ва эҳтироми дуҷониба ва дастовардҳои андешгонӣ; Дар натиҷа ҳар ду тараф бо муваффақият дар тавлиди дониш саҳм доштаанд.

 

 

Барчасп