Март 14, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии иттилоотии Амрико : Чин , Русия ва Эрон назми ҷаҳонии Амрикоиро ба чолиш мекашанд
    Арзёбии иттилоотии Амрико : Чин , Русия ва Эрон назми ҷаҳонии Амрикоиро ба чолиш мекашанд

Руасои Созмонҳои иттилоотии Амрико дар гузорише аз Ҷумҳурии Исломии Эрон , Русия ва Чин ба унвони барҳамзанандагони бартарии Амрико дар ҷаҳон ном бурданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Порс Тудей - дар ин гузориш ки ҳамзамон бо шаҳодат додани руасои Созмонҳои иттилоотӣ ва  амниятии Амрико дар Конгресси ин кишвар мунташир шуд , омадааст , Иёлоти муттаҳида ба далели рақобати қудратҳои бузург , чолишҳои фаромиллӣ ва  даргириҳои минтақаӣ таҳти фишори қарор гирифтааст .

Руасои Созмонҳои иттилоотии Амрико дар ин гузориш бо баёни инки Амрико бо « назми ҷаҳонии шикананда » мувоҷеҳ аст хотирнишон карданд , Ҷумҳурии Исломии Эрон , Русия ва  Чин , қавонини деринаи низоми байналмилал ва ҳамчунин авлавияти Амрико дар арзёбии таҳдидҳоро ба чолиш мекашанд .

Ин нахустин бор нест ки Иёлоти Муттаҳида дар асноди болои дастии худ муддаи душмании дигари қудратҳои байналмилалӣ яъне Эрон , Чин ва  Русия шудааст.

Вашингтон аз ин масъала дар ҳарос аст ки Чин ба ҳамроҳи Русия ва  Эрон , назми байналмилалии либералро ки ҷаҳони ғарб мабдаъ ва  ҳомии бақоӣ он аст ба чолиш кашидав а  иқтидори чанд қарнии ғарб бар низоми байналмилалиро хадшадор созад .

Ба ҳамин далели Вашингтон дар асноди болои дастӣ ва  гузоришҳои солона монанди гузориши ҷомеъаи иттилоотии Амрико ҳамвора рӯйкарди таҳоҷумӣ дар қиболи руқабои байналмилалӣ ва  минтақаии худ аъам аз Чин , Русия ва  Эрон иттихоз мекунад , бидуни инки ба нақши Иёлоти Муттаҳида дар бӯҳронофаринӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ва низ иқдомоти хасмонаи он алайҳи руқабояш ишораи намояд .

Барчасп