Фаластин конуни баҳси дипломатӣ дар маҳалли Сафорати Эрон дар Маскав
(last modified Fri, 29 Mar 2024 13:34:43 GMT )
Март 29, 2024 18:34 Asia/Dushanbe
  • Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия
    Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари Миёна ва теъдоде аз сафирони кишварҳои исломии муқими Русия бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Маскав дар бораи масоили Фаластину минтақа табодули назар карданд.

Дар ин ойин, ки ҳамроҳ бо зиёфати ифтор ва ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудси пеширӯ баргузор шуд, Михаил Богданов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари Миёна ва сафирони кишварҳои Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Алҷазоир, Судон, Туркманистон, Бангладеш, сарпарасти сафорати Афғонистон ва муовини сафири ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доштанд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар ин ойин бо табрики моҳи мубораки Рамазон, дар бораи аҳамияти ваҳдату ҳамбастагии мусулмонон дар таолими динӣ гуфт, бародарону хоҳарони мусулмони фаластинии мо дар борикаи Ғазза таҳти шадидтарин ҷиноёти ваҳшиёнаи режими ишғолгару нажодпарасти саҳюнистӣ ва бо ҳимояти Вашингтон ва дар сояи сукути кишварҳои ғарбӣ, аз ошкортарин ҳуқуқи худ маҳрум ва бо наслкушӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Ҷалолӣ афзуд, шояд агар ҳамаи мо мусулмонон дар анҷоми вазоифу таколифи динӣ диққати бештаре дошта бошанд, мавзӯи Фаластин ва зулми мустамари режими саҳюнистӣ дар ҳаққи мардуми шарифу бедифои он ва талош барои поксозии қавмии мардуми Фаластин, ки фақат ҳадафашон зиндагии орому амн дар сарзамини обову аҷдодӣ аст, қариб ба ҳашт даҳа идома намеёфт.