Паёмадҳои талхи ҳамлаи террористии Маскав барои коргарони муҳоҷир
Март 31, 2024 17:16 Asia/Dushanbe
Пас аз ҳодисаи террористӣ дар Маскав, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар ҳоли тарки ин кишвар ҳастанд.
Ба гузориши Евронюс, тибқи гуфтаи вазорати кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон пас аз ҳамла дар наздикии Маскав дар 22 март, ки даҳҳо кушта барҷо гузошт, мавҷе аз коргарони муҳоҷир, Русияро ба мақсади Тоҷикистон тарк карданд.
Ин бадтарин ҳамла дар Русия дар ду даҳаи ахир буд, ки дар он афроди мусаллаҳ бо силоҳҳои худкор ба ширкаткунандагон дар консерт шиллик карданду ҳаддиақал 144 нафарро ба коми марг кашонданд.
Барчасп