Тафсир : Робитаи Нимбус ва ихроҷи кормандони Гугл
(last modified Wed, 01 May 2024 11:57:08 GMT )
Май 01, 2024 16:57 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Робитаи Нимбус ва ихроҷи кормандони Гугл
    Тафсир : Робитаи Нимбус ва ихроҷи кормандони Гугл

Ҳудӯди як моҳи пеш , Гугл яке аз муҳандисони нармафзори худро ба далели ҳимоят аз Фаластин ихроҷ кард . Ин корманд васати як конфаронс бо садои баланд эълом карда буд : « Ман аз сохтани фанноварие, ки наслкуширо тақвият мекунад , худдорӣ мекунам »

Сухангӯи Гугл дар бораи иллати ихроҷи ин корманд , бидуни ишора ба моҷарои аслӣ ( яъне қатли оми фаластиниён тавассути Исроил ) гуфт : « Ин шахс ба хотири дахолат дар як рӯйдоди расмӣ ихроҷ шуда аст » .

Бо ин вуҷӯд , кормандони Гугл, дар дафотири шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Ню-Йорк ,  Суннувале ва Калифорниё ба эътирозоти худ алайҳи қарордоди як миллиарду 200 миллион долларии ин ширкат бо саҳюнистҳо мавсӯм ба «Нимбус » ( Nimbus Project ) идома доданд .

Гугл низ бо идомаи раванди ихроҷи муътаризон ба ҷиноёти Исроил , токунӯн беш аз 50 нафар аз кормандони худро ихроҷ карда аст . Тибқи ин қарордод ки дар соли 2021 милоди имзо шуда , Гугл қарор аст , аз абзорҳои низомии режими саҳюнистӣ пуштибонӣ ва сервисҳои роёниши абриро барои Исроили фароҳам кунад .

Ҳадди озодӣ.

Ба назар мерасад , Исроил баъд аз онкии солиёни мутамодӣ , озодии фаластиниҳоро гирифта аст ; ҳоло дар кишварҳое ки аз ин режими ҳимоят мекунанд низ ҳамин сиёсатро дар пеши гирифта ва ҷулуи озодии баёнро дар кишварҳои муддаии озодии баён мегирад .

Албата Гугл пеш аз ин низ корномаи сиёҳӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо ҷинояткорон дошта аст . Соли 2018 Гугл ва Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида дар пружае “ МАВЕН “ ки як пружаи ҳуши маснуъӣ барои афзоиши диққати ҳамалоти паҳподӣ буд , ҳамкорӣ карданд . Фаъолони ҳуқуқи башари ҳамон сол таъкид карданд , ин фанноварӣ дар асл барои истифодаи артиши Исроил алайҳи фаластиниён аст .

Акнӯн дар ҷараёни пружаи Нимбус ҳамаи коршиносон муътақиданд , сервисҳои Гугл дар ихтиёри артиши саҳюнистӣ қарор хоҳад гирифт ва Исроилиҳо ба дунболи эҷоди лаҷестики низомии бартар ҳастанд .