Июн 01, 2024 11:16 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Либия ба ҷамъи парвандаи шикоят аз режими саҳюнистӣ

Намояндаи Либия дар Девони байналмилалии додгустарӣ гуфт: Ин ниҳоди ҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид дархости Траблус барои пайвастан ба парвандаи Африқои ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистиро пазируфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад ал-Ҷуҳни-намояндаи Либия дар Девони байналамилалии додгустарӣ рӯзи ҷумъа дар як конфронси хабарӣ афзуд: Интизор меравад, ки истидлоли катбии Либия дар мавриди ин парванда дар 10 июл ба таври комил ба қозиёни Девони байналмилалии додгустарӣ ироа шавад.

 Пештар ин девон эълом карда буд, ки Мексика тайи дархосте хоҳони пайвастан ба шикояти Африқои ҷанубӣ алайҳи наслкушии режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза шудааст.

  Мексика бо истинод ба модаи 63 асосномаи Девони байналмилалии додгустарӣ, ки ба кишварҳои дигар ин ҳаққро медиҳад барои изҳори назар ва тафсири тавофуқномаи мазкур мудохила кунанд, дархости мазкурро ироа кардааст.

 Охирҳои декабри 2023 Африқои ҷанубӣ ба иттиҳоми поймолсозии тавофуқномаи манъи ҷинояти наслкушӣ алайҳи режими саҳюнистӣ ба Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кард.

 Пас аз он теъдоде аз кишварҳо аз ҷумла Мексика, Туркия, Колумбия, Некарагуа ва Либия хоҳони пайвастан ба ин парванда шуданд.

 

 

Барчасп