Июл 14, 2016 17:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои эъломияи ҳамкории стратегӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО

Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО рӯзи ҷумъа эъломияи муштаракеро бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи рафъи чолишҳои амниятӣ аз ҷумла ҳамалоти сайберӣ ва буҳрони паноҳҷуён ба имзо расонданд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ва Жан Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо дар ҷарёни нишасти 28 кишвари узви НАТО дар Варшава ин эъломияи муштаракро имзо карданд. Дабири кулил НАТО дар як нишасти матбуотии муштарак бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Варшава изҳор дошт, ки ин эъломия ба шарокати миёни ин ду созмон мафҳум ва ангезаи ҷадиде мебахшад. Вай бо торихӣ хондани ин тасмим, онро фурсате барои ҳамкории наздиктар тавсиф кард ва афзуд, кишварҳои узви ҳар ду созмони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои ахир бо чолишҳои ғайримунтазирае рӯ ба рӯ шуданд. Раиси Шӯрои Аврупо низ гуфт, ҳамкории наздик миёни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО амнияти шаҳрвандони аврупоиро иртиқо мебахшад.

Имзои эъломияи ҳамкории стратегӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро метавон нуқтаи атфе дар равобити байни ин ду ниҳоди муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ғарбӣ талаққӣ кард. Дар воқеъ аз дидгоҳи дабири кулли НАТО бадалели вазъияти номаълуми амнияти байналмилалӣ, мушорикати наздик миёни НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо беш аз гузашта зарурӣ аст. Бо тавваҷуҳ ба инки беш аз 90 дарсади аъзои ин ду ниҳод муштарак ҳастанд, лизо метавон пешбинӣ кард, ки ин ҳамкорӣ дар буъди стратегӣ мунҷар ба ҳамафзоии байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО хоҳад шуд. Масъалаи муҳиме, ки дар ду соли ахир ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам НАТО ба навъе бо он даргир будаанд, ба вуҷуд омадани чолишҳои муштарак будааст.

Дар ин замина Столтенберг тасреҳ карда, ки агарчи НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо батаври ҷудогона натавонистанд, ин чолишҳоро батаври комил бартараф намоянд, аммо дар канори якдигар як тими нерӯманд бо абзорҳои лозим барои ҳифозат аз шаҳрвандони худ ва ҳаросат аз субот маҳсуб мешаванд.

Яке аз ин чолишҳо пайдоиш ва густариши буҳрони паноҳҷуён буда, ки акнун табдил ба муҳимтарин чолиши Иттиҳодияи Аврупо аз замони пайдоиши он шудааст. Бадалели инки аъзои аврупоии НАТО низ даргири ин буҳрон ҳастанд, лизо батаври иҷтинобнопазире ин созмони низомӣ низ ба тадриҷ даргири он шудааст. Ба наҳве, ки дар ҳоли ҳозир новҳои НАТО дар дарёи Эгей барои раҳгирӣ ва назорат бар ҷарёни вуруди паноҳҷуён амалиёти муштаракеро бо нерӯи дарёии Туркия ва Юнон сурат медиҳанд. Метавон интизор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба тавофуқ дар заминаи ҳамкории стратегӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО, ҳамкории ду тараф дар заминаи муқобилаи муассиртар бо буҳрони паноҳҷуён афзоиш ёбад. Масъалаи дигаре, ки акнун табдил ба дағдағаи муштараки байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО шуда, афзоиши қобили таваҷҷуҳи таҳдидоти террористӣ алайҳи аъзои аврупоии НАТО аст, ки бавижа пас аз ҳамалоти террористии ноябри 2015 дар Порис ва Марти 2016 дар Брюссел аз аҳаммияти зиёде бархурдор шудааст.

Дар воқеъ ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам Созмони НАТО, ки зарфи ду соли гузашта талош карда, то Русияро баунвони таҳдиди аслӣ дар Аврупо ҷилва диҳад, акнун бо воқеияти талхе ба номи терроризми такфирӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки албатта густариши он марҳуни ҳимоятҳои бархе аз аъзои НАТО монанди Фаронса ва Англия аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия будааст. Ин дар ҳолест, ки амалкарди номуносиби кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотӣ бавижа дар мубориза бо терроризм, нишондиҳандаи вуҷуди навоқис ва камбудиҳои ҷиддӣ дар ин ҳавза аст.

Лизо интизор меравад, афзоиши ҳамкориҳои иттилоотӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО заминасози иттихози тадобири муассиртар барои муқобила бо терроризм ва таҳдидоти террористӣ бавижа аз сӯи ДИИШ шавад. Албатта НАТО муддаӣ аст, ки бо ҳамкорӣ бо эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ, тавониста то заработи муассиреро  ба ин гуруҳи террористӣ дар Ироқ ва Сурия ворид оварад. Бо ин ҳол чашмандози афзоиши иқдомоти террористӣ дар Аврупо боис шуда, то сарони аврупоӣ ва НАТО бо имзои эъломияи ҳамкории стратегӣ дар садади ҳамкории наздиктар барои муқобила бо ин таҳдиди амниятӣ бароянд.

 

Барчасп