Тафсир : Ҷунбиши маҳбӯби ин рӯзҳо : Селебритиҳои сокит дар бораи ҷиноёти алайҳи фаластиниёнро онфолу кунед
(last modified 2024-06-12T06:45:55+00:00 )
Июн 12, 2024 11:45 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Ҷунбиши маҳбӯби ин рӯзҳо : Селебритиҳои сокит дар бораи ҷиноёти алайҳи фаластиниёнро онфолу кунед
    Тафсир : Ҷунбиши маҳбӯби ин рӯзҳо : Селебритиҳои сокит дар бораи ҷиноёти алайҳи фаластиниёнро онфолу кунед

Ба мувозоти фаъол шудани пуиши таҳримии Исроил пуиши дигарӣ низ дар бархӯрд бо селебритиҳо ва инфлюенсерҳое,ки дар қиболи ҷиноёти режим саҳюнистӣ сокитанд ба роҳ афтодааст .

Ба гузориши Порс Тудей , ҷиноёти густардаи алайҳи сокинини навори Ғазза мӯҷиби густариши ҷабҳаи муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шудааст . Миллатҳо дар ғарб ва шарқи олам ба сӯрати худҷӯш мекӯшанд бо таҳрими колоҳои исроилӣ ва тавлидоти ширкатҳое, ки равобити густардае бо Исроил доранд ба иқтисоди режими ҷаълии Исроил осеб ворид кунанд .

Кампайни « бойкотт , адами сармоягузорӣ ва таҳрим » баъд аз наздик ба бист соли фаъолият , бори дигар дар ақсо ва нуқоти ҷаҳони мавриди тавваҷӯҳи қарор гирифтааст .

«Ҷунбиши бойкотт , адами сармоягузорӣ ва таҳрими Исроил » аз ҳамроҳони худ мехоҳад ки аз ҳузур дар муассисоти фарҳангии режими саҳюнистӣ худдорӣ кунанд . Ин кампайн ҳамчунин хостори адами ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва марокизи илмӣ ва пажӯҳишии исроилӣ аст ки мазнун ҳастанд аз ривоятҳои ғайриинсонӣ дар бораи фаластиниҳо ва сарзаминҳои ишғолӣ ҳимоят мекунанд .

Яке аз роҳбурдҳои ҷунбиши бойкотт, адами сармоягузорӣ ва таҳрими Исроил , ташвиқи мусиқи донон , ҳунармандону дигари афроди машҳур ба сафар накардан ба сарзаминҳои ишғолӣ аст .

Ба мувозоти фаъол шудани пӯиши таҳрими Исроил пӯиши дигарӣ низ дар бархӯрд бо селебритиҳоу ва инфлюенсерҳое, ки дар қиболи ҷиноёти режим саҳюнистӣ сокитанд ба роҳ афтодааст .

Ин рӯзҳо селебритиҳои амрикоӣ танҳо касоне нестанд ки дар қиболи сукуташон дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ бо мавҷӣ аз рўйгардони ва  онфолу шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ ҳастанд .Селебритиҳо ва ҳунармандон ва филмсозони яҳудӣ дар дохили Фаластини ишғолӣ дар пайи ҷиноёти густардаи сарбозони исроилӣ бо буҳрони баргузории ҷашнвора ва маҳдӯдият дар анҷоми фаъолиятҳои ҳунаришон рӯбарӯ шудаанд . Тамомии ҷашнвораҳои муҳими филм дар ҷаҳон маҷбур ҳастанд тазоҳуротҳо дар ҳимоят аз фаластиниҳоро дар назар бигиранд то ҳаргуна ҳузури филми исроилӣ ё ҳузури ҳунармандони исроилӣ ба як расвоӣ табдил нашавад.

Ҳааретз дар ин бора навишт :

Даъват аз меҳмонҳо ба ҷашнвораи солонаи нависандагони Қудс дар арозии ишғолӣ ва пеш аз ин низ баргузории даври давоздаҳуми ин ҷашнвора ба далели мухолифатҳои густарда ба далоили сиёсӣ бо мушкил рӯбарӯ шудааст .

Ҳааретз  бо ишора ба мухолифатҳои густардаи нависандагони хориҷӣ ба вижа нависандагони ҷавон ба сӯрати мустақим аз тарҷумаи китобҳояшон ба забони ибрӣ ва интишори онҳо дар арозии ишғолӣ дар поён навишт : Рӯйкарди рӯ ба густариш ин аст, ки Исроил дар ҷаҳон тард шудааст ва гардишгарони исроилӣ низ барои тард нашудан ҳувияти худро пинҳон мекунанд .