Вокуниши сармураббии собиқи Тоҷикистон ба пешниҳоди “Персполис”
https://parstoday.ir/tg/news/world-i115156-Вокуниши_сармураббии_собиқи_Тоҷикистон_ба_пешниҳоди_Персполис
Петр Сегрт, сармураббии собиқи тими футболи Тоҷикистон ба хабари пешниҳоди тими футболи “Персполис”-и Эрон вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 12, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Петр Сегрт, сармураббии собиқи тими футболи Тоҷикистон
    Петр Сегрт, сармураббии собиқи тими футболи Тоҷикистон

Петр Сегрт, сармураббии собиқи тими футболи Тоҷикистон ба хабари пешниҳоди тими футболи “Персполис”-и Эрон вокуниш нишон дод.

Сармураббии собиқи футболи Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ин масъаларо аз дӯстонам шунидам, ки дар расонаҳо гузинаи аслӣ барои сармураббигарӣ дар “Персполис” ҳастам. Албатта, монанди ҳафтаҳои гузашта фақат аз расонаҳову дӯстонам ин суҳбатҳо ба ман мунтақил мешавад.

Петр Сегрт афзуд: Ман ин рӯзҳо дар оромиши комил ҳастам то беҳтарин тасмимро бигирам.