Тафсир. Нигаронии иддаоии Вашингтон аз нуфузи Эрон дар байни ҳомиёни Фаластин дар Амрико
(last modified 2024-07-11T06:30:07+00:00 )
Июл 11, 2024 11:30 Asia/Dushanbe
  • Эътирозҳои муртабит бо ҷанги Ғазза дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
    Эътирозҳои муртабит бо ҷанги Ғазза дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷунбиши донишҷӯии Амрико, ки саросари Иёлоти Муттаҳидаро дарнавардидаву муҷиби шаклгирии садҳо тазоҳурот, гирдиҳамоӣ ва таҳассунҳо дар донишгоҳҳои ин кишвар дар эътироз ба иқдомоти ҷинояткоронаи Исроил, ба хусус наслкушии мардуми Ғазза ва низ ибрози ҳимоят аз фаластиниҳо шуда, вокуниши манфии давлати Амрикоро барангехтаву мақомоти ин кишвар дар изҳороти худ талош мекунанд то ба наҳве ин ҷунбишро илҳомёфта аз кишварҳои дигар, ба хусус Эрон қаламдод намоянд.

Корин Жан Пиер, сухангӯи Кохи Сафед, Ҷумҳурии исломии Эронро муттаҳам кард, ки ба дунболи сӯиистифода аз эътирозҳои муртабит бо ҷанги Ғазза дар Иёлоти Муттаҳида аст ва ин рафторро ғайриқобили қабул донист. Вай муддаӣ шуд, ки озодии баён амре ҳаётӣ барои демократияи амрикоӣ аст, аммо давлат ҳамчунин вазифа дорад ба шаҳрвандон дар мавриди амалиёти нуфузи хориҷӣ ҳушдор диҳад.

Ин ҳушдор соъоте пас аз он дода шуд, ки Аврил Ҳойнез, мудири Иттилооти миллии Амрико муддаии фаъолиятҳои сойберии Эрон ва сӯиистифодаи авомили Эрон аз эътирозот алайҳи Исроил дар ҷанги Ғазза шуд. Мудири иттилооти миллии Амрико дар баёнияе гуфт: Иёлоти Муттаҳида авомили сойберии муртабит бо Эронро шиносоӣ карда, ки ба унвони фаъолони онлайн ба дунболи ташвиқи эътирозот ва ҳатто ҳимояти молӣ аз муътаризон [алайҳи ҷанги Ғазза] ҳастанд. Ӯ бо ишора ба шаҳодати худ дар Конгресси Амрико гуфт: Эрон ба таври физояндае дар талош барои нуфузи таҳоҷумӣ ва эҷоди ихтилофу тазъифи эътимод ба ниҳодҳои демократии мо аст.

Ба назар мерасад мақомоти амрикоӣ, ки бо падидае бесобиқа, яъне эътирозоти бисёр густарда ва бесобиқа дар Амрико дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза аз сӯи ҷавонони амрикоӣ, ба хусус донишҷӯёни ин кишвар рӯ ба рӯ ҳастанд, ба ҷои баррасии воқеъбинонаи ин амр бо фарофиканӣ ба дунболи муттаҳам кардани Эрон ба унвони омили барангезонандаи ин эътирозот ҳастанд.

Ҳойнез дар иддаое аҷиб таъкид карда, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо истифода аз «дафтарчаи роҳнамоӣ», ки солҳо дигарон низ аз он истифода кардаанд, ба дунболи «фурсатталабӣ» дар эътирозоти ҷорӣ дар мавриди ҷанги Ғазза будааст. Дар воқеъ, ин мақоми аршади иттилоотии амрикоӣ, ба ҷои пардохтан ба далоили айнии шаклгирии ҷунбиши донишҷӯии зиддиисроилӣ дар Амрико, талош карда то Эронро эҷодкунандаи ин ҷунбиш муаррифӣ намояд. Иддаое ки бо баррасии ҳатто мухтасари абъоди ин ҷунбиш, ки дар саросари донишгоҳҳои Амрико ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ густариш ёфт, бепоя будани он собит мешавад.

Дар айни ҳол бояд чанд масъала дар ин замина гӯшзад шавад. Нахуст ин ки дар дунёи қарни бистуякум, ки қарни иртибототу иттилооту фазои сойберӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст ва бо тавваҷуҳ ба фанновариҳову ибтикороти ҷадид дар арсаи иртиботот, инҳисори хабариву расонаӣ аз дасти Ғарб, ба хусус Амрико хориҷ шудааст. Имрӯза кишварҳои мухталиф бо тавваҷуҳ ба сатҳу мизони дастрасӣ ва имконоти расонаӣ ва низ фаъолият дар фазои сойберии қодир ҳастанд то дидгоҳҳои худ дар заминаи таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳониро дар сатҳе густарда дар ҷаҳон матраҳ намоянд. Табиатан Эрон низ бо тавваҷуҳ ба дастовардҳои шигарф дар арсаи иртибототу фазои маҷозӣ қодир аст то бо расонаҳои худ дар фазои сойберӣ ва моҳвораӣ зимни ирсоли ахбору гузоришҳо, нигаришҳову паёмҳояшро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико мунташир намояд ва табиатан бо тавваҷуҳ ба паёми инқилоби исломӣ, ба хусус мавозеъ ва дидгоҳҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бисёре аз мардуми кишварҳо, аз ҷумла ҷавонони амрикоӣ ба ин расонаҳову паёмҳо тавваҷуҳ карда ва онҳоро пайгирӣ мекунанд.

Дар ин росто, номаи ахири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба донишҷӯёни амрикоӣ, ки дар 30 майи соли 2024 мунташир шуд, на мудохила дар умури дохилии Амрико, балки ба масобаи тақдир ва низ табйини ҷунбише худҷӯш дар дохили Иёлоти Муттаҳида аст, ки донишҷӯёни амрикоӣ барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги Ғазза ба роҳ андохтаанд. Дар воқеъ, Эрон нақше дар барпоии ин ҷунбиш надошта ва сирфан ба ибрози ҳимоят аз он дар ростои пуштибонӣ аз ормони Фаластин ва низ раванди физояндаи рушди огоҳии ҷавонони ғарбӣ, ба хусус амрикоӣ дар бораи масъалаи Фаластин ва афзоиши инзиҷору нафрати онҳо аз Исроил аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар номаи худ хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико, зимни ибрози ҳамдиливу ҳамбастагӣ бо эътирозоти зиддисаҳюнистии ин донишҷӯён, ононро бахше аз ҷабҳаи муқовимат донистанд ва бо ишора ба тағйири вазъияту сарнавишти минтақаи ҳассоси Ғарби Осиё, бар варақ хӯрдани таърихи ҷаҳон таъкид карданд. Эшон хитоб ба ҷунбиши донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико таъкид фармуданд: Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих, ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед.

Нуктаи муҳим ин ки эътирозоти донишҷӯӣ дар Амрико дар ҳимоят аз Фаластин падидаи ҷадиде дар низоми сиёсиву иҷтимоӣ дар ин кишвар аст. Эътирозоти густарда ва бесобиқа дар донишгоҳҳои Амрико дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва мухолифат бо иқдомоти ҷинояткоронаи Исроил бори дигар масъалаи тағйири асосӣ ва моҳияти нигариши насли ҷавони Амрико ба масъалаи Фаластинро барҷаста кардааст.

Акнун ин пурсиш беш аз пеш матраҳ шуда, ки чаро насли ҷавон ё ба иборати дақиқтар «Насли Зед» бар хилофи падарони худ ҳомии Фаластин буда ва ҳеч гуна ҳамдилӣ бо режими саҳюнистӣ надоранд?

Мақомот ва ниҳодҳои наздик ба лобиҳои саҳюнистӣ дар Амрико ҳамгом бо мақомоти Тел-Авив талош кардаанд то тазоҳуроту эътирозоти донишҷӯиро ношӣ аз фиребу инҳирофи насли ҷадиди Амрико талаққӣ кардаву хоҳони бархӯрди неруҳои амниятӣ бо ҳомиёни муқовимат шудаанд.

Зимни ин ки акнун ниҳодҳову мақомоти аршади сиёсиву иттилоотии Амрико монанди Аврил Ҳойнез, мудири иттилооти миллии Амрико ва ё Корин Жан Пиер, сухангӯи Кохи Сафед бо иттиҳомзанӣ ба Эрон талоше ошкор барои фарофиканӣ дар бораи авомили шаклгирии ҷунбиши зиддиисроилии донишҷӯёни амрикоӣ сурат додаанд. Онҳо омидона ба инкори ин падида ба масобаи ҷунбише худҷӯши ношӣ аз тағйирнигариши ҷавонони амрикоӣ дар қиболи Исроил аз як сӯ ва ҳамдардиву ҳимояти онҳо аз фаластиниҳо аз сӯи дигар пардохтаанд.

 

 

 

Барчасп