Июл 15, 2024 19:02 Asia/Dushanbe

Дар маросими Рӯзи имом Ҳусайн (а) дар минтақаи Манҳэттени Ню-Йорки Амрико дастаҳои азодорӣ ба синазанӣ ва азодорӣ пардохтанд.

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Ню-Йорк, дар маросими Рӯзи имом Ҳусайн (а) дар Ню-Йорк дастаҷоти азодорӣ ба синазанӣ ва азодории Саиду солори шаҳидон пардохтанд.

Дар ин маросим дӯстдорони имом Ҳусайн (а) ва пайравони хонадони исмату таҳорат дар хиёбонҳои минтақаи Манҳэттан, дар тамҷиди Саиди шуҳадо, азодорӣ ва синазанӣ карданд ва парчамҳои азодорӣ барафроштанд.

 

Барчасп