Ҳушдори “Европол”: Аврупо бузургтарин бозори маводи мухаддир аст/ Системаҳои қазоӣ таҳти нуфузи бондҳои табаҳкор
(last modified 2024-07-22T05:40:20+00:00 )
Июл 22, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Бондҳои табаҳкор дар саросари Аврупо дар фаъолиятҳои фаротар аз тиҷорати маводи мухаддир ширкат доранд
    Бондҳои табаҳкор дар саросари Аврупо дар фаъолиятҳои фаротар аз тиҷорати маводи мухаддир ширкат доранд

Порс-тудей. Густариши ҷароими созмонёфта дар кишварҳои аврупоӣ ба нигаронии ҷиддӣ барои мақомоти ин қора табдил шудааст, ба тавре ки бисёре аз ниҳодҳову созмонҳои нозир нисбат ба он ҳушдор додаанд.

Ба гузориши “Порс-тудей”, раиси «Европол» - ожонси муҷрии қонун дар Иттиҳоди Аврупо, дар тозатарин гузориши худ вазъияти кишварҳои аврупоиро аз назари тиҷорати маводи мухаддир асафнок тавсиф кардаву ҳушдор додааст.

Бар асоси гузориши таҳқиқи полиси мустақар дар Гаага, 821 шабакаи ҷиноӣ дар Иттиҳоди Аврупо фаъол ҳастанд ва «Европол» ахиран ҳушдор додааст, ки бондҳои маводи мухаддир дар кишварҳои аврупоӣ беш аз 25 ҳазор узви ҳирфаӣ доранд, ки қочоқи маводи мухаддир тиҷорати аслии онҳо маҳсуб мешавад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, акнун бондҳои табаҳкор дар саросари ин кишвар дар фаъолиятҳои фаротар аз тиҷорати маводи мухаддир ширкат доранд ва шавоҳиди физояндае нишон медиҳад, ки чунин шабакаҳои ба бархе аз хадамоти умумӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҳатто системаи қазоии кайфарии кишвар низ нуфуз кардаанд.

Раиси “Европол” дар ин замина ҳушдор медиҳад, полис барои доштани имкони бештар барои мубориза бо шабакаҳои ҷинояткор, ба абзори фаннӣ, қудрат ва нерӯи инсонӣ ниёз дорад.

Катрин Де Бол ба мақомоти кишварҳои мухталифи Аврупо ҳушдор медиҳад: Агар бештар сармоягузорӣ накунед, ин муборизаро хоҳед бохт”.

 

Барчасп