Кӯдакони муҳоҷир дар Амрико; қурбониёни хомӯши сиёсатҳои муҳоҷиратии Вашингтон
(last modified Mon, 22 Jul 2024 13:19:58 GMT )
Июл 22, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакони муҳоҷир дар Амрико; қурбониёни хомӯши сиёсатҳои муҳоҷиратии Вашингтон

Порс тудей - Муҳоҷирон, бавижа кӯдакони муҳоҷир, ки ағлаб аз кишварҳои Амрикои Лотин бо машаққатҳои фаровон вориди Амрико мешаванд, ба яке аз бузургтарин қурбониёни сиёсатҳои муҳоҷиратии Вашингтон табдил шудаанд.

Кӯдакони муҳоҷир на танҳо бо хушунатҳои физикии полиси Амрико, ҷудоӣ аз волидайну зиндагӣ дар кампҳои пурҷамъияту ғайриистандарт мувоҷеҳ ҳастанд, балки гузоришҳои мунташир шуда, сӯиистифодаҳои ҷинсӣ аз ононро низ нишон медиҳад.

Ба гузориши Порс тудей, Вазорати додгустарии Амрико ба тозагӣ додхостеро алайҳи бузургтарин таъминкунандаи сарпаноҳи муваққат барои муҳоҷирон дар ин кишвар ба иттиҳоми беҳурмати ҷинсии густардаи кӯдакони осебпазир ва бидуни сарпараст танзим кардааст.

Кристен Кларк, дастёри додситони кулли Амрико, дар баёнияе изъон кард: “Озору азияти ҷинсии кӯдакон дар паноҳгоҳҳо, ҷое, ки кӯдакон бояд дар амният ва оромиш бошанд, тавҳиномез, ғайриинсонӣ ва ғайриқонӯнӣ аст”.

Ин додхост, коркунони ширкати «Southwest Key Company»-ро ба суиистифодаи шадиду таҷовуз ба кӯдаконе муттаҳам мекунад, ки ба далели бидуни сарпараст будан ё надоштани бастагон ё муҳофизоне дар марзҳои ҷануби ғарбии Амрико, барои нигаҳдорӣ ба ин марказ фиристода шуда буданд. Ин ширкат бузургтарин таъминкунандаи марокизи нигаҳдорӣ аз кӯдакони муҳоҷири бидуни сарпараст аст ва 29 паноҳгоҳро дар саросари иёлатҳои Техасу Калифорния идора мекунад.