Чаро режими кӯдаккуши Исроил дар олимпиада ҳузур дорад? Стандарти дугонаи Ғарб дар қиболи Русия
(last modified 2024-07-27T08:05:57+00:00 )
Июл 27, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Чаро режими кӯдаккуши Исроил дар олимпиада ҳузур дорад? Стандарти дугонаи Ғарб дар қиболи Русия

Дар рӯзҳои ахир бисёре аз ниҳодҳо, кампинҳо(маъракаҳо) ва фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башарӣ, хостори ихроҷи варзишкорони саҳюнист аз олимпии Париж шудаанд, аммо мақомоти фаронсавӣ зимни эъломи хушомадгӯӣ ба саҳюнистҳо, нишон додаанд, ки аз ҳузури онҳо хурсанд ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Порс тудей, созмонҳо ва ташаккулҳои ҳуқуқи башарӣ ва фаъолони иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо эҷоди кампинҳои мухталиф хостори ихроҷи саҳюнистҳо аз Фаронса ҳастанд. Ба гузориши Порс тудей, ҳарф ва сухани сардамдорони ин кампинҳо ин аст: «Таҷлил аз арзишҳои инсонии бозиҳои олимпӣ бо иқдомоти золимона ва наслкушии Исроил алайҳи фаластиниҳо дар тазод аст.»

 Бисёре интизор доштанд Кумитаи байналмилалии олимпӣ (ioc)-КБО вокунише нисбат ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза нишон диҳад; кушторе, ки варзишкоронро низ дар тирраси худ қарор додааст. Ин интизор ба далели он буд, ки «Кумитаи олимпии Фаластин» солҳост тавассути ioc ба расмият шинохта шудааст. Ҷолиб аст бидонед "КБО" ду тааҳҳуди аслӣ дорад:

 Нахуст, «тарвиҷи ҷомеаи сулҳомез, ки ба ҳифзи каромати инсонӣ аҳамият медиҳад» ва дувум, «эҳтиром ба усули ахлоқии бунёди ҷаҳонӣ».

 Аммо на тааҳҳудот ва шиорҳо ва на ба расмият шинохтани Кумитаи олимпии Фаластин тавассути "КБО", боис нашуд ин марҷаъи байналмилалӣ ба нафъи мазлумони Ғазза мавзеъ бигирад; На ҳеҷ ҳамдардӣ бо Фаластин, на ҳеҷ муқобилае бо Исроил ва на ҳеҷ гуна вокуниши дигаре! Ин мавзӯъ нишондиҳандаи таноқузи ошкор байни шиорҳо ва усули эъломшуда ва амалкарди воқеии Кумитаи байналмилалии олимпӣ аст.

 Ин таноқуз онҷо пуррангтар ва аёнтар мешавад, ки ба ду сол пеш баргардем; Замоне, ки ҷанги Украина оғоз шуд, он рӯзҳо бархилофи ончи имрӯз аз "КБО" мебинем ин кумита ба суръат вокуниш нишон дод ва Русияро ба далели ин ҷанг маҳкум кард. Яке аз муовинони раиси ioc дар он замон гуфт: «Ҷанг, зидди идеали олимпӣ аст» ва ҳамчунин такрор кард: «Мо иқдомоти федератсияи Русияро маҳкум мекунем. Онҳо ҳаққи узвият дар ҷомеаи байналмилалии олимпиро аз даст додаанд.»

 Ба далели ҳамин мавзеъгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, варзишкорони рус дар олимпии 2024 Париж ба унвони «варзишкорони бетараф» ширкат хоҳанд кард ва бояд шароити сахтгиронаеро риоят кунанд; Барои мисол онҳо бидуни парчам ё суруди Русия рақобат мекунанд. Аммо ҳамин байн вақте аз Томас Бох- раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ пурсиданд, ки оё Исроил иҷозаи ширкат дар олимпии Парижро хоҳад дошт ё хайр, ӯ ба равшанӣ гуфт: «Дар ин маврид ҳеҷ саволе вуҷуд надорад.». Баъд аз он эълом шуд, ки 87 варзишкори олимпии Исроил, зери парчами ин режими ишғолгар дар мусобиқот ширкат хоҳанд кард.

 Ҳамаи инҳо дар ҳоле аст, ки ба вузӯҳ ҷанг миёни Русия ва Украина қобили муқоиса бо нобудии Ғазза тавассути Исроил нест.

 

 

Барчасп