Пружае ба номи исломҳаросӣ
(last modified Sun, 11 Aug 2024 10:36:01 GMT )
Август 11, 2024 15:36 Asia/Dushanbe
  • Оқибати исломҳаросӣ дар Ғарб
    Оқибати исломҳаросӣ дар Ғарб

Порс-тудей. Корбарони шабакаи иҷтимоии «Икс» бо ибрози нигаронӣ аз густариши исломҳаросӣ дар Англия, кӯтоҳии мақомот дар мамониат аз исломҳаросиро тақбеҳ карданд.

Англия беш аз як ҳафта аст, ки даргири эътирозоти хушунатомез бо шиорҳои зиддимуҳоҷиратӣ аст. Ин нооромиҳо пас аз он оғоз шуд, ки фаъолони ростгаро аз расонаҳои иҷтимоӣ барои интишори иттилооти нодуруст дар бораи ҳувияти як муҳоҷим, ки се духтарро ба қатл расонда буд, истифода карданд.

Навҷавоне 17 сола, корд дар даст, пас аз масрафи машруботи спиртӣ дар шаҳри Саут-Порти Англия 3 кӯдакро кушт, ба ду бузургсол ва ҳашт кӯдаки дигар ҷароҳоти шадид ворид карду кишвареро ба ҳам рехт!

Ба гузориши “Порс-тудей”, рӯзномаи англисии «Гордиян» дар ин робита эълом кард, постҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба дурӯғ иддао карданд, мазнун паноҳҷӯе мусулмон аст ва ҳамин кофӣ буд то масҷиде дар шаҳри Саут-Порт ҳадаф қарор гирад.

Корбарони шабакаи иҷтимоии “Икс” дар вокуниш ба нафратпароканӣ алайҳи Ислому мусулмонон, Ғарб бо ин вазъиятро ҷуғрофиёи пурчолиш тавсиф карданд.