Таҷаммуи эътирозии ҳомиёни Фаластин дар Женева
(last modified Mon, 09 Sep 2024 05:38:04 GMT )
Сентябр 09, 2024 10:38 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи эътирозии ҳомиёни Фаластин дар Женева

Саҳоб - Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти Исроил ба Борикаи Ғазза  ва Каронаи Бохтарии руди Урдун, тазоҳуроти густардае дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, мардуми Женева пеш аз роҳпаймоӣ ба самти кохи “Вилсон”, ки дафтари Комиссориёи олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар онҷо қарор дорад, дар яке аз майдонҳои аслии шаҳр таҷаммуъ карданд.

Тазоҳуркунандагон бо ҳамли парчами Фаластин ҳамалоти режими наслкуши Исроил ба Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва ҷон бохтани ҳазорон инсони бегуноҳро маҳкӯм карданд.